Дар Душанбе масъалаи пиряхҳоро баррасӣ карданд

Мушкилоти обшавии пиряхҳо дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе баррасӣ шуд. Масъала барои Тоҷикистон махсусан муҳим мебошад.

Ҷумҳурӣ аз обшавии пиряхҳо, ки 8 фоизи тамоми ҳудуди кишварро ишғол мекунанд, зарари калон мебинад. Иштирокчиёни конфронс усулҳои муосири омӯзиши криосфера ва қабати барфро дар баландкуҳҳо, инчунин эҳтимолияти офати табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ карданд. Дар конфронс олимону коршиносони ватаниву хориҷӣ ширкат доштанд.

«Солҳои 1960-1970 гуфта буданд, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамагӣ 60 пиряхи камшаванда вуҷуд дорад, ки 40-тои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд. Танҳо дар Тоҷикистон ҳоло беш аз ҳазор пиряхи камшаванда муайян шудаанд. Шумораи онҳо бештар хоҳад буд, на аз он сабаб, ки ҳаво гарм мешавад, балки мутахассисон онҳоро намедонистанд. Ҳоло усулҳои нави омӯзиш вуҷуд доранд, мо пиряхҳои хатарнокро зери назорати худ гирифта, мониторинг мегузаронем”,- гуфт директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Қаюмов Абдулҳамид.

Шумораи пиряхҳои Осиёи Миёна босуръат кам мешавад. Президенти Тоҷикистон моҳи ноябр гуфта буд, ки бар асари гармшавии глобалӣ беш аз 1000 пирях аллакай об шудаанд, дар ҳоле ки теъдоди онҳо дар кишвар ба 13 ҳазор мерасад. Аз ин рӯ, қарор шуд, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *