Боздошти ду даллазан, дастгиршавии қаллоби ҳирфаӣ ва дигар хабарҳои ВКД

Боздошти ду зан барои машғул шудан ба даллагӣ

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 37-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ва ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 11-уми феврали соли 2019, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан зани 30-солаи сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт ва марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо ҳам шинос намуда, аз онҳо 200-доллари амрикоӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи зодаи шаҳри Панҷакент, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон, бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ва ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда санаи 19-уми феврали соли 2019 бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан, марди 23-солаи сокини шаҳри Гулистон ва зани 21-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро бо ҳам шинос намуда, аз онҳо 180-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани 3 мавриди қаллобӣ аз ҷониби 1 нафар

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2016 марди 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаҳои 247 ва 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 106 800-сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2016, марди 35-солаи дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40 000-сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 44-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки марди номбурда моҳи декабри соли 2014 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 000-сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати марди номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тамаъҷӯӣ барои иваз намудани ному насаб

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов марди 28-солаи сокини деҳаи Ӯзбек-қишлоқи ноҳияи мазкур, мутахассис-коргузори САҲШ дар ноҳияи Ҷ.Расулов ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Номбурда барои ивази ному насаб аз марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ҳамин ноҳия маблағи 1000-сомонӣ талаб намудааст. Санаи 19-уми феврали соли 2019, тахминан соати 10:00-дақиқа, номбурда ҳангоми гирифтани маблағи 1000-сомонӣ дар ҳудуди бинои САҲШ-и ноҳияи Ҷ.Расулов дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *