Боздошти модар бо гумони қасди фурӯши тифли 8-моҳа дар ноҳияи Рӯдакӣ
Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки як зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасди фурӯши фарзанди 8-моҳааш ба ивази 100 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст.
Ба иттилои ВКД, Зуҳрохон Розиқова, сокини деҳаи Турдиев, рӯзи 18 январ ҳангоми дарёфти маблағ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.
Ба иттилои ВКД, нисбат ба ӯ бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон («савдои кӯдакон») парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Агар ин иттиҳом собит шавад, Зуҳрохон Розиқова метавонад то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо гирад.
Мақомот сабабҳои даст задани ӯ ба ин амал ва назари худи гумонбарро шарҳ надодаанд. Ҳамчунин, ҷузъиёти сарнавишти минбаъдаи кӯдак низ фош нашудааст, танҳо зикр шудааст, ки «тифли 8-моҳа ба ояндаи нек таъмин гардид».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ