Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ

Маҳсулоти муосири бонкиро берун аз иқтисоди рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ёрии смартфонҳо мо маблағ интиқол медиҳем, қарзҳоро ба расмият медарорем, автомобилҳоро суғурта мекунем. Ин алоқаи боэътимодро барои ташкилотҳои молиявӣ муҳимтар мегардонад. Чӣ тавр операторро интихоб кардан мумкин аст, то хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ барои мизоҷон дар саросари кишвар дастрас бошанд? Дар ин бора Мурод Ризоев, менеҷери маҳсулоти “Ҳумо Бонк” маълумот медиҳад.

Чаро шумо ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро интихоб кардед? Ба фикри шумо, он аз дигар операторони алоқа чӣ фарқият дорад?

– Филиалҳо ва идораҳои “Ҳумо” дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои дурдаст ҷойгиранд. Аз ин рӯ, пайвастшавии устувор ва сифати баланди интернети мобилӣ бениҳоят муҳиманд. Шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” фаъолияти устувор ва нишондиҳандаҳои хуби таҳвили маълумотро нишон медиҳад. Ин кори муттасили хизматрасониҳои бонкии мо ва равандҳои дохилиро новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ таъмин менамояд.

Кормандони бонки “Ҳумо” аз кадом намуди хизматрасониҳои ширкат истифода мебаранд?

– МегаФон Тоҷикистон интихоби васеи тарофаҳоро, ки кормандони мо онҳоро истифода мебаранд: аз камхарҷ сар карда, то тарофаҳои пешрафта бо дақиқаҳо, трафики интернет ва опсияҳои дохилшуда барои паёмрасонҳо пешниҳод менамояд. Имконияти муносибро аз рӯи вазифаҳои гуногуни корӣ интихоб кардан мумкин аст. Айни замон ҳамаи кормандони бонк рақамҳои корпоративии “МегаФон Тоҷикистон”-ро истифода мебаранд. Тамоми иртиботи корӣ бо мизоҷон, шарикон ва таҳвилгарон тавассути шабакаи оператор анҷом дода мешавад.

“Ҳумо Бонк” на танҳо интернети мобилӣ, балки интернети ноқилиро низ аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” истифода мебарад. Он барои кори муттасили идораҳо, системаҳои дохилӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ муҳим аст. Пайвастшавии боэътимод ба кормандони мо барои тамоси фаврӣ бо мизоҷон дар саросари кишвар имкон медиҳад.


Кормандон замимаи мобилии “МегаФон Life”-ро, ки идоракунии хизматрасониҳо, пардохтҳо ва тарофаҳоро муттаҳид месозад, истифода мебаранд. Ин раванди маъмурикунонии алоқаи корпоративиро осон карда, онро боз ҳам шаффофу қулай мегардонад.

– МегаФон Тоҷикистон ва “Ҳумо Бонк” лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намуданд – аз ҷумла, якҷоя хизматрасониҳои пешқадами молиявӣ-техникиро таҳия карданд. Дар бораи ин лоиҳаҳо маълумот диҳед.

– Ҳамкории мо ба рушду такмили замимаи “МегаФон Life”, ки ба он ҳамёни бонки мо вобаста гардид, нигаронида шуда буд. Ба туфайли ин истифодабарандагон ба хизматрасониҳои рақамии молиявӣ дар як замима дастрасӣ пайдо карданд. Ин амалҳо гузаштани идентификатсия, барасмиятдарории қарз ба таври онлайн, вобастакунии кортҳои бонкӣ, пардохти маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, интиқоли маблағ, имконияти фармоиш додани чиптаҳо, маҳсулот ва доруҳо мебошанд. Барои мо ин баҳри васеъ кардани экосистемаи рақамӣ иқдоми муҳим ва усули пешниҳоди хизматрасониҳои инноватсионӣ ба аудиторияи нав дар шакли комилан муносиб гардид.

– Шумо шарикии байни “Ҳумо” ва ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро дар умум чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва оё барои тавсия додани оператор ба дигар ташкилотҳо омодаед?

– Албатта, омодаем! Мо ин шарикиро хеле самарабахшу пурмаҳсул баҳогузорӣ мекунем. Фаъолияти муштарак имкон медиҳад, ки имкониятҳои рақамӣ инкишоф ёфта, таҷрибаи мизоҷон беҳтар карда шавад. Афзалиятҳои асосии ширкат – алоқаи устувор, имкониятҳои муносиби тарофавӣ барои тиҷорат ва омода будан ба ҳамкории технологӣ мебошанд. Сатҳи баланди хизматрасонӣ, дастгирии фаврӣ ва муносибати дахлдор нисбати мизоҷони корпоративӣ бошанд МегаФон Тоҷикистонро барои дилхоҳ ташкилоти молиявӣ шарики боътимод мегардонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *