Иқтисоди Тоҷикистон дар рақамҳо

Соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи 350 миллион доллар ғалладонагиҳо ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба андозаи 30 миллион доллар бештар мебошад.

***

Ҳаҷми амонатҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон ба ҳолати аввали декабри соли 2025 аз 31,7 миллиард сомонӣ гузашт, ки нисбат ба аввали соли 2024 тақрибан 6,7 миллиард сомонӣ зиёд аст.

***

Соли 2025 ширкати «Сомон Эйр» 1 миллиону 91 ҳазору 921 мусофирро интиқол додааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 8,6 фоиз бештар аст.

***

 Дар 10 моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 9,4 ҳазор тонна ангур содирот шудааст. Ин ҳаҷм нисбат ба ҳамин давраи соли 2024–ум 9,7 фоиз камтар буда, маблағи содирот тақрибан 3 миллион долларро ташкил медиҳад.

***

Тоҷикистон содироти коло ба Қирғизистонро 19 баробар афзоиш дод, ки соли гузашта ба 9 млн доллар расид. Ин нишондиҳанда соли 2024-ум ҳамагӣ 475 ҳазор долларро ташкил дода буд.

***

То семоҳаи якуми соли 2026 лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия шуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *