Иқтисоди кишварҳои ИДМ аз нигоҳи БАОР

Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) дурнамои рушди иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро пешгӯӣ намуд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, кишварҳои минтақаи АвруОсиё дар даҳсолаи охир яке аз баландтарин суръати афзоиши иқтисодиро нишон медиҳанд.

Тоҷикистон

Тибқи арзёбии БАОР, Тоҷикистон суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро дар сатҳи 8,1% нигоҳ медорад, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар минтақа ба ҳисоб меравад. Сармоягузориҳои бузург дар бахшҳои металлургия ва инфрасохтор омили асосии ин рушд хоҳанд буд. Интизор меравад, ки то охири соли 2026 сатҳи таваррум дар кишвар ба 4,5% расида, дар доираи ҳадафи 5±2% боқӣ монад. Ҳамчунин, тибқи пешгӯии мутахассисон, қурби доллари ИМА дар соли 2026 тақрибан 9,8 сомониро ташкил хоҳад дод.

Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон иқтисодиёт ба таври назаррас рушд карда, афзоиши ММД ба 6,8% мерасад. Сармоягузорӣ ҳамчун қувваи асосии пешбаранда боқӣ монда, татбиқи лоиҳаҳои бузург – аз нерӯгоҳҳои атомӣ ва офтобӣ то марказҳои IT идома хоҳад ёфт.

Беларус

Дар Беларус, мувофиқи пешгӯии БАОР, ММД 1,8% афзоиш меёбад. Ин рушд аз ҳисоби чораҳои сармоягузории давлатӣ, рушди бахши IT ва афзоиши даромади хонаводаҳо таъмин карда мешавад.

Қазоқистон

Иқтисоди Қазоқистон низ 5,5% рушд хоҳад кард. Афзоиш асосан ба шарофати тавсеаи имкониятҳо дар бахши ғайриашёи хом амалӣ гардида, беш аз 100 лоиҳа дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қирғизистон

Қирғизистон, тибқи иттилои бонк, аз рӯи суръати афзоиш дар минтақа пешсаф боқӣ мемонад. ММД-и кишвар 9,3% афзоиш меёбад. Ин рушд бо сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва таъминоти об, инчунин сохтмони фаъол ва афзоиши истеъмол таъмин мегардад.

Русия

Дар Русия афзоиши ММД то 1,4% пешбинӣ мешавад. Афзоиши даромади хонаводаҳо ба рушди истеъмол мусоидат карда, коҳиши меъёри асосӣ барои барқароршавии қарздиҳӣ ва сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *