Бо Эрон чӣ хоҳад шуд?
Вазъияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пасманзари тазоҳуроти дохилӣ ва таҳдидҳои пайвастаи Амрико ва Ғарб чанд рӯзи охир муташанниҷ аст. Феълан ҷомеаи ҷаҳон ҳама ҳаводиси Эронро пайгирӣ мекунанд ва дар зеҳни ҳама як суол мечархад: “Бо Эрон чӣ хоҳад шуд?”. Зеро Амрико ва Ғарб бепарда ба низоми исломӣ таҳдид мекунанд…
Оғози эътирозот
Эътирозот дар Эрон рӯзи 28-уми декабри соли 2025 оғоз шуд. Ба иттилои Агентии расмии хабарии Эрон (IRNA), тоҷирони бозори калони Теҳрон дари дӯконҳои худро пӯшида, аз вазъи иқтисодии кишвар эътироз карданд.
Ба иттилои расонаҳо, сабаби асосии эътирозот уфти арзиши пули риёл (пули миллии Эрон) ва афзоиши таваррум аст. Риёли эронӣ рӯзи 28-уми декабр то 1,42 миллион риёл барои як доллари амрикоӣ расид, ки ин гуна уфти арз бесобиқа буд. Ба маълумоти Al Jazeera, нисбат ба 6 моҳи қабл арзиши риёл 56% паст шуд.
Дар пайи эътирозот, ба навиштаи IRNA, рӯзи 29-уми декабр Муҳаммадризо Фарзин аз вазифаи раиси Бонки марказӣ истеъфо дод. Аз вақте ки ӯ дар соли 2022 раиси Бонки марказии Эрон шуд, қурби доллар дар ин кишвар беш аз 3 баробар гарон шуд: 1 доллар аз 430 ҳазор то ба зиёда аз 1,4 миллион риёл расид. Ба ҷойи Муҳаммадризо Фарзин ҳамакнун Абдулносир Ҳимматӣ раиси Бонки марказӣ интихоб шудааст.
Вазъияти муташанниҷ
Вале ин эътирозот пас аз як ҳафта ба аксари шаҳрҳои Эрон доман паҳн кард ва талаби муътаризон аз масоили иқтисодӣ ба сиёсӣ гузашт. Муътаризон талаби канор рафтани низоми исломӣ ва баргаштани Шоҳзода Ризо – валиаҳди Муҳаммадризошоҳи Паҳлавиро мекарданд. Ин талаби муътаризон аз он оғоз шуд, ки дар пасманзари вазъияти печида Шоҳзода хеле фаъол шуд ва бо изҳороти тезутундаш мардумро ба хиёбон ва алайҳи ҳукумат даъват кард. Дар шаҳрҳои Амрикову Аврупо ҳам эрониёни муҳоҷир ба эътироз баромаданд ва аз Паҳлавӣ дифоъ карданд. Мақомоти Амрико ҳам дар рӯзҳои аввал хабарҳое пахш карданд, ки Доналд Трамп қарор аст бо Ризо Паҳлавӣ вохӯрад.
Дар натиҷа эътирозгарон дар Эрон ба оташ задани масоҷид, иншоот, бемористон, сӯхтани “Қуръон”, тахриби муҷассамаҳо ва дигар ҷиноятҳо даст заданд.
Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон рӯзи 3-юми январи 2026 барои аввалин бор дар бораи эътирозот изҳорот дод ва таҷаммуъи мардумро ба ду гурӯҳ ҷудо кард: эътирозгарон ва ошӯбгарон.
“Мо бо эътирозгарон суҳбат мекунем, мақомдорон бояд бо онҳо суҳбат кунанд. Вале суҳбат бо ошӯбгарон фоидае надорад. Ошӯбгаронро бояд ба ҷояшон нишонд”,- изҳор дошт Алии Хоманаӣ.
Роҳбари олии Эрон иброз дошт, ки дар ин таҷаммуъи мардум “дасти хориҷиён” шарик аст ва таъкид дошт, ки “мо ба душманон тан намедиҳем. Бо такя ба Худо, бо пуштибонии мардум, душманро ба зону дармеорем”.
Вале ин изҳороти Хоманаӣ ҳам вазъро дар Эрон ором накард.
Раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён ҳам даст доштани хориҷиёнро дар тазоҳурот дар Эрон баён кард ва мардуми кишварашро ба роҳпаймоии миллии муқовимат даъват кард. Ин роҳпаймоӣ 12-уми январ баргузор шуд.
Ҳоло мақомоти Эрон эълон карданд, ки вазъи кишварро таҳти контрол гирифтаанд.
Садҳо нафар дар ҳаводиси ахир боздошту кушта шуданд. Расонаҳои Эрон ва хориҷӣ теъдоди боздоштшудагон ва кушташудагонро аз 500 нафар то 12 ҳазор нафар мегӯянд, вале омори дақиқе ҳанӯз дар даст нест.
Таҳдиди Трамп
Президенти ИМА Доналд Трамп дар рӯзҳои охир нисбати ҳаводиси Эрон изҳороти гуногун пахш мекунад, ки мавқеи аниқи ӯро баён намекунад. Рӯзи сешанбеи 13-уми январ аз эрониён даъват кард, ки ба эътирозҳои худ идома диҳанд. Трамп дар паёмаш ба мардуми Эрон ваъда дод, ки “кумак дар роҳ аст”, аммо ҷузъиёти бештар надод. Расонаҳо навиштанд, ки Амрико то 96 соати дигар ба Эрон ҳамла мекунад.
Вале коршиносон бар он ҳастанд, ки Амрико дар ин шароит ба Эрон ҳамла нахоҳад кард.
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин хабар дод, ки ҳама вохӯриҳо бо мақомҳои эрониро “то замони қатъ шудани куштани эътирозгарон” лағв кардаст.
Ризо Паҳлавӣ кист?
Ризо Паҳлавӣ, ки муътаризон дар рӯзҳои охир хостори бозгашти ӯ ба Эрон ҳастанд, шоҳзодаи муҳоҷири Эрон аст. Ӯ 31-уми октябри соли 1960 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Писари калонии Муҳаммадризошоҳ Паҳлавӣ, охирин шоҳи Эрон ва Фараҳ Паҳлавӣ мебошад. Дар соли 1967 расман ба унвони валиаҳди Эрон таъин шуд.
Дар остонаи Инқилоби исломии соли 1979 Ризо Паҳлавӣ барои таҳсили ҳарбӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафт. Пас аз сарнагун шудани низоми подшоҳӣ ва ба муҳоҷират рафтани хонаводаи шоҳӣ, ӯ дигар ба Эрон барнагашт. Баъди вафоти падараш дар соли 1980, Ризо Паҳлавӣ дар муҳоҷират ҳамчун вориси рамзии тахти Эрон шинохта шуд. Ризо Паҳлавӣ дар ИМА таҳсилоти олӣ гирифта, дараҷаи бакалавр дар илмҳои сиёсиро соҳиб шудааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар байни ҷомеаи эрониёни муҳоҷир фаъол буда, худро ҳамчун чеҳраи мухолифи режими Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ мекунад. Ӯ бо мақомоти исроилӣ, ки душмани сарсахти Эрон ва низоми исломӣ аст, робитаи наздик дорад ва дар ин авохир бо яҳудиён робитаи хонаводагӣ барқарор кард. Паҳлавӣ дар ин авохир хеле фаъол шуд ва тарафдоронаш низ хоҳони бозгашти ӯ ба Эрон ҳастанд. Вале бисёре аз коршиносон бар онанд, ки Ризо Паҳлавӣ лоиқ ба роҳбарии Эрон нест, зеро дар ин кишвар зиндагӣ накардааст. Доналд Трамп ҳам гуфт, ки ҳанӯз ӯро ҳамчун роҳбари Эрон намебинад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ