Занозании хонандагони ду мактаб дар Душанбе бо захмӣ шудани як наврас анҷомид

Рӯзи 13 январ миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 123 ва 129 дар шаҳри Душанбе муноқиша рух додааст. Ҳардуи ин муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойгир шудаанд. Дар натиҷаи муноқиша як хонанда захмдор шуда, ба беморхона интиқол ёфтааст.

Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки сабаби занозанӣ ба харидуфурӯши кабӯтар марбут будааст. Ба гуфтаи як манбаъ, ҳодиса баъди анҷоми соатҳои дарсӣ сурат гирифта, дар ҷараёни он баъзе наврасон аз корд истифода кардаанд. Дар пайи ин, як хонандаи мактаби рақами 129 ҷароҳат бардоштааст.

Мудири мактаби рақами 129 ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аҳволи хонандаи захмбардошта қаноатбахш аст ва ҷароҳати ӯ вазнин нест.

Ҳамзамон, дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд, ки вобаста ба ин ҳодиса ҳадди ақал як хонанда боздошт шуда, чанд нафари дигар барои бозпурсӣ даъват шудаанд.

То ҳол Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва дигар мақомот ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *