Истиқболи гарми мардуми Бухоро ҳунарпешаҳои театрро ба шавқ овард
Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии Тоҷикистон бо як сафари эҷодӣ ба шаҳри Бухоро омад. Ҳунарпешагони он ин бор бо намоишномаи «Шамсу Мавлоно»-и саркоргардони театр – Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Усмонзода озими ин шаҳри бостонӣ шуданд.

Ин сафари эҷодӣ маҳз бо шарофати сиёсати оқилонаи роҳбарони ду давлати ҳамҷавор ва бародар-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст, ки дар рушди робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвар нақши муассир мебозад.

Ба гуфтаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир гурӯҳи эҷодии ин театр чанде муқаддам ба шаҳрҳои Тирмиз ва Самарқанд ташриф оварда буд ва мардуми санъатдӯсти ин ду шаҳри қадимӣ аз ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои театри тоҷик баҳра бардоштаанд.
-Албатта, ҳадафи асосӣ мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстию бародарӣ ва шод кардани рӯҳи аҷдоди бузургамон аст, ки рӯзгорашон барои халқҳоямон намунаи ибрат мебошад. Маҳз мазмун ва мундариҷаи намоишномае, ки бо худ овардаем ва ҳунармандони театр онро хеле хуб ба тамошобинон пешкаш намуданд, ба рӯзгори пур аз панду ҳикмату хиради Шамси Табрезӣ ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ марбут мебошад. Инро аз тамошои намоишнома хеле хуб пай бурдан мумкин аст,-илова намуд Ортиқи Қодир.
Дарвоқеъ, намоишномаи мазкур дӯстию рафоқат, меҳру мурувват, вафодорию садоқат барин ҷиҳатҳои ҳамидаи инсониро тараннум месозад.
-Бо ифтихори бузург ва шодмонӣ мегӯям, ки мо аз ташрифи ҳунарпешаҳои Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ хеле сарфарозу сипосгузорем. Зеро ин ташриф барои мардуми шаҳре, ки ман дар он зода ва парварда шудаам, боиси шодмониҳо гардид. Минбаъд низ ҳайати эҷодии Театри драмаи мусиқии Бухоро, ки намоишномаи «Шамсу Мавлоно» он ҷо ба вуқӯъ пайваст, домани ҳамкориҳои худро фарохтар хоҳанд сохт,-мегӯяд Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Убайдулло Омон.
Вай меафзояд, ки барои чунин иқдоми хайру савоб ба маъмурияти Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози сипос менамояд. Зеро чунин ташрифот дар рушди ҳамкориҳои театрҳои ду кишвари дӯст хеле мусоидат хоҳад кард.

-Ба забони модарӣ тамошо кардани намоишнома дар ёду хаёламон набуд. Барои ҳамин ташрифи ҳунарпешаҳои Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки аз театрҳои дӯстдоштаи давраи ҷавониамон буд, морро ба ваҷд овард. Кош чунин сафарҳои эҷодӣ беш аз пеш афзоянд ва мо аз тамошои намоишномаҳои тоҷикӣ лаззат барем,-мегӯяд раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Бухоро Рауф Авезов
Ба гуфтаи ӯ Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар замони шуравӣ зуд-зуд ба шаҳри Бухоро ташриф меовард. Яке аз ин воқеаҳои хотирмон нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ба вуқӯъ пайваст. Рауф Авезов мегӯяд, чанде аз ҳунарпешагони тоҷик, мисли Бурҳон Раҷабов, Тӯра Шоҳимардонов ва дигарон дар театри тобистонаи маҷмааи «Лаби ҳавз»-и маъруфи Бухоро намоишномаи «Интихоби домод»-и Хоҷӣ Содиқро ба маърази тамошо гузошта буданд, ки байни тамошобинони бухорӣ шавқу ҳаваси калон будор кардааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри ТОШКАНД.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ