Дар маҳаллаи “Тути калон” маркази муосири савдои «Амид» қомат меафрозад
Дар кӯчаи “Себзор”-и маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд сохтмони маркази муосири савдои дуошёнаи «Амид» бо таҳхонааш идома дорад. Бо рафти корҳои сохтмонӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода шинос шуд.
Гуфта мешавад, ки маркази муосири савдою хизматрасонӣ бо маблағгузории ҶДММ «Амид» аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Тиниал» бунёд шуда истодааст.
Маркази савдои «Амид» аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он зиёда аз 3000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода додан марказ асосан ба фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ машғул хоҳад шуд.

Ҳамзамон, бо пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот то 100 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд ба муассис ва пудратчии иншоот ҷиҳати истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, риояи талаботи муосири шаҳрсозӣ ва ба назар гирифтани унсурҳои миллии меъморӣ супоришҳои мушаххас додааст.
Интизор меравад, ки маркази муосири савдои «Амид» соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ