Бозгашти беш аз 1,3 ҳазор гурезагон дар як шабонарӯз

Тавре аз маркази қабули бюллетенҳо, тақсимот ва ҷобаҷогузории гурезагон иттилоъ расид, тайи як шабонарӯз зиёда аз 1,3 ҳазор нафар гурезагони суриягӣ аз давлатҳои хориҷа ба ватан баргаштанд,- хабар медиҳад РИА «Новости». 

«Муддати як шабонарӯз ба Ҷумҳурии Сурияи Араб аз қаламрави давлатҳои хориҷа 1293 нафар гурезагон, аз ҷумла аз Лубнон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи «Ҷейдет-Ябус», Телл-Калаҳ»-512 нафар (занҳо- 154, кӯдакон -262 нафар), аз Урдун тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи «Насиб» — 781 нафар (занҳо – 234, кӯдакон – 398 нафар)» ба ватан баргаштанд,- гуфта мешавад дар хабар.

Мувофиқи иттилои маркази қабули гурезагон, ҷузъу томҳои муҳандисии Қувваҳои мусаллаҳи Сурия тайи як шабонарӯз 16,3 гектар ва 2,1 километр роҳҳоро аз мина безарар гардониданд. Илова бар ин, мутахассисон 28 адад маводи таркандаро маҳв карда, аз ҷумла як адад маводи таркандаи худсозро бекор карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *