Бозиҳои Лигаи якум аз моҳи апрел шуруъ мешаванд

Ҳафтаи гузашта дар Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи якум баргузор шуд.

Дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, шонздаҳ даста иштирок мекунанд. Инҳо дастаҳои «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҳулбук», «Рахш» (ҳарду аз Восеъ), «Душанбе», «Шоҳмансур» (ҳарду аз Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор), «Рангон» (Рўдакӣ), «Исфара» (Исфара), «Саразм» (Панҷакент), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Саройкамар» (Панҷ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Моҳир» (Ёвон), «Сомон» (Данғара), «Норак» (Норак) ва «Ҷилликўл» (Дўстӣ) ҳастанд.

Мувофиқи қуръакашӣ дар даври якум «Рахш» бо «Исфара», «Саройкамар» бо «Сарҳадчӣ», «Шоҳмансур» бо «Мастчоҳ», «Ҷилликўл» бо «Душанбе», «Сомон» бо «Ҳулбук», «Саразм» бо «Шодмон», «Норак» бо «Рангон» ва «Моҳир» бо «Паҷшер» бозӣ мекунанд.

Бозиҳои мавсими нав рўзи 3-юми апрел шуруъ мешаванд ва ҳар даста дар ин мавсим 30 бозӣ баргузор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *