Дар Ӯзбекистон «Рӯзҳои фарҳанг ва синамои тоҷик» ифтитоҳ ёфт

Рӯзҳои 23-29 марти соли равон дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд «Рӯзҳои фарҳанг ва синамои тоҷик» баргузор мешаванд. Дар доираи ин чорабинӣ маросимҳои муаррифии мероси фарҳанги халқҳои ӯзбек ва тоҷик низ ба нақша гирифта шудааст.

-Аз ҷумла, мулоқоти се насл ва ташкили мизи мудаввар таҳти унвони «Наврӯзи олам – риштаи ваҳдату якдилӣ», намоиши барномаи хоси консертӣ таҳти унвони «Шаби дӯстӣ», ки дар он иштироки ҳунармандони маъруфи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таҳти назар аст, инчунин консертҳои гурӯҳҳои эҷодӣ, намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ, намоишҳои гурӯҳҳои театрии ду кишвари дӯст барномарезӣ шудаанд,-мегӯяд зимни суҳбат сухангӯи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сироҷиддин Ӯсаров.

Вай меафзояд, ки дар доираи «Рӯзҳои синамои тоҷик» филмҳои бадеии синамогарони тоҷик «Моҳии ба шаст уфтода », «Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат », «Ҳаёт зебост» ва «Ҷӯра саркор» манзури тамошобинон хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанг имзои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2027” низ ба нақша гирифта шудааст. Ин ҳуҷҷат барои идомаи ҳамкории фарҳангии миёни ду кишвар ба таври мунтазам ва системавӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо натиҷаҳои амалӣ дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, синамо, осорхонаҳо, театр ва мубодилаи эҷодӣ, инчунин густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангии байни мардуми ду кишвар хизмат хоҳад кард.

23 март, нахустин чорабинӣ дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон баргузор гардид, ки ба мулоқоти се насл бо номи “Наврӯзи олам – пайванди ягонагӣ” бахшида шуд. Дар ин мулоқот вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбек, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ​​инчунин нависандагони машҳур, рассомони ҷавон, олимони бахши адабиёти ду кишвар иштирок доштанд. Онҳо дар бораи масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили рушди кунунии адабиёти миллӣ, ҳамоҳангии анъана ва муосирӣ ва нақши баёни бадеӣ дар тарбияи насли ҷавон баҳс намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков зимни суханронӣ иброз намуд, ки аз тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ҳарду кишвари дӯст ва бародар манфиатдоранд.

-Ҳувайдост, ки решаҳои фарҳангу тамаддуни ӯзбекону тоҷикон таърихи муштарак ва дуру дароз доранд ва асрҳо боз бо ҳам рушду нумӯъ карда меоянд. Барои ин мо аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем. Зеро онҳо анъанаҳои дӯстиву рафоқати устоду шогирд, ду адиби маъруф Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишерои Навоиро дубора барқаро намуданд, ки ҳоло муваффақона идома мекунад,-гуфт Озодбек Назарбеков.

Дар мулоқот вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба минбар баромад ва гуфт, ки дар солҳои охир дӯстӣ, ҳамкории фарҳангӣ ва эътимоди мутақобила байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи нав ва пурмазмунтар баромадааст. Ин пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду сарвари давлат, садоқати онҳо ба принсипҳои эҳтироми мутақобила, ҳамсоягии нек ва бародарии таърихӣ мебошад.

-Ба шарофати ташаббусҳои васеъмиқёси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳамгироии фарҳангӣ, мубодилаи эҷодӣ ва рӯҳияи дӯстӣ дар саросари минтақа суръати нав пайдо мекунад. Аз ҷумла, форумҳои бузурги фарҳангӣ дар Ӯзбекистон, ба монанди Фестивали байналмилалии санъати мақом ва Фестивали мусиқии “Таронаҳои Шарқ” (Оҳангҳои Шарқ) на танҳо дар сатҳи минтақавӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ эътирофи назаррас пайдо мекунанд. Чунин чорабиниҳо халқҳои моро боз ҳам наздиктар мекунанд ва эҳтироми амиқи насли ҷавонро ба арзишҳои миллӣ ва санъати анъанавӣ тақвият медиҳанд,-изҳор намуд Матлубахон Сатториён.

Вай афзуд, ки фарҳанги ӯзбек яке аз ганҷҳои бебаҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ба гуфтаи вазири фарҳанги Тоҷикистон санъати мақоми халқи ӯзбек, адабиёти классикӣ, анъанаҳои миллии мусиқӣ ва мероси ғании шифоҳӣ ганҷинаи фарҳангии на танҳо Ӯзбекистон, балки тамоми минтақаро ғанӣ мегардонад. Мероси мусиқии халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шабоҳатҳо дар ҳамоҳангии оҳанг ва мундариҷа, бори дигар решаҳои муштараки ду мардум, таърихи муштараки онҳо ва фарҳангҳои монандро тасдиқ мекунанд.

-Мақом, гули санъат, на танҳо як жанри мураккаби мусиқӣ, балки ифодаи олии ҷаҳони маънавии мардум, хотираи таърихӣ ва тафаккури бадеӣ мебошад. Тавассути мақом, одамон ғаму шодӣ, орзуву умед ва фалсафаи зиндагии худро тавассути оҳангҳои беназири мусиқӣ баён мекунанд,-гуфт М.Сатториён.

Ба таъкиди мавсуф имрӯз ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мунтазам рушд мекунанд. Байни рассомони ҳарду кишвар, гурӯҳҳои театрӣ ва зиёиёни эҷодкор робитаҳои фаъоли эҷодӣ барқарор шудаанд. Тавассути лоиҳаҳои муштарак, ҳафтаҳои театрӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ риштаҳои дӯстии байни халқҳои мо боз ҳам мустаҳкамтар мешаванд. Чунин ҳамкории фарҳангӣ дӯстии ду миллатро ба сатҳи нав мебарорад. Ислоҳоти васеъмиқёс, ки Ӯзбекистон дар роҳи пешрафти фарҳангӣ амалӣ мекунад, талошҳои он барои ҳифзи мероси миллии худ ва таблиғи он дар сатҳи ҷаҳонӣ қобили таҳсин аст.

-Фарҳанг пуриқтидортарин пулест, ки миллатҳоро муттаҳид мекунад. Имрӯз Ӯзбекистон ин пулро бо рӯҳияи нав, равиши муосир ва садоқат ба мероси таърихии худ месозад. Бешубҳа, ин ба болоравии маънавии на танҳо Ӯзбекистон, балки тамоми минтақа хизмат мекунад,-тазаккур дод вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён.

Дар ҷараёни ин муколамаи адабӣ дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон намоишгоҳи аксҳо ва китобҳо бо номи “Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ” низ ифтитоҳ гардид. Дар охири мулоқот раиси Ин Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид ба нависандаи тоҷик Неъмат Мамасаидов шаҳодатномаи узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистонро тақдим кард ва ба меҳмонони дигар китобҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ногуфта намонад, ки дар доираи “Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон” дар Галереяи давлатии санъати Ӯзбекистон, воқеъ дар Тошканд намоишгоҳи асарҳои устодони санъати тасвирии тоҷик, дар шаҳри Самарқанд бошад, роҳандозии барномаи консерти дастаҷамъонаи Тоҷикистон бо номи “Шаби дӯстӣ”, намоиши мусаввараҳои рассомони тоҷик, барномаҳои консертии дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон, инчунин чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзҳои синамои тоҷик” таҳти назар гирифта шудаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
узви Иттифоқҳои журналистони
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.
Шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *