Хештаншиносу равшанфикр. Ёде аз шодравон Лоиқ Шералӣ

Шодравон Лоиқ Шералӣ, ки доди суханворӣ дода, дар ҷаҳони форсизабон ҳамчун шоири бузург шинохта шудааст, зодаи кӯҳистону тарбиятдидаи обу ҳавои беғаши деҳа аст. Мафҳуми қудсии зодбумро дар хоки поки остонаи падару модар, аз хушхонии кабкҳои дарӣ, накҳати гуворои арчаҳои сарсабз, садои чашмаҳои мусаффо, тамошои гулҳои зирку ғӯшу муша, аз лаззати тути балхӣ, чормағзу себи самарқандӣ эҳсос кардааст. Аз ин рӯ дар ашъори безаволаш меҳри поки онро бо ҳиссиёти хеле волои шоирона тараннум кардааст.

Деҳаи зебоманзари Мазори Шариф дар доманаи кӯҳҳои Зарафшон, ки ба силсилакӯҳҳои Ҳисор васл мешаванд, чун нигини ангуштарӣ аст, ки бо сад рангу тобиш ҷило медиҳад. Пайроҳаи зиндагии Лоиқ аз ин макони биҳиштосо оғоз ёфтааст ва чашми ибратбини ӯро маҳз ҳамин деҳаи кӯчак ба олами фаррохи суханварӣ боз карда буд:

Ибтидои ман деҳи хурди Мазор

Интиҳои ман ҷаҳони беканор.

Лоиқ дунёи шеъри форсиро тасхир карда бошад ҳам, аз диёри азиз, зодбуми айёми тифлӣ гусаста набуд ва дар ашъори безаволаш онро бо муҳаббати ширину гуворо ситоиш мекард:

Бачагиям бе касу танҳо гузашт,

Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт.

Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт…

Хизмати Лоиқ дар адабиёти тоҷик дар он аст, ки дар айёме, ки назми дурӯғин маснаднишин буд, шеъри заминӣ, воқеӣ ва содаю гуворо бо забони ширину гуворо офарид, ба як маънӣ шеъри тоҷикро ба асли он, ба назми ҳазорсолаи классикӣ пайванд дод. Ҳамин аст, ки ӯ аз ҷавонӣ дар олами форсигӯён ангуштнамо шуд.

Лоиқ шеъре офарид, ки ҳастии ҳақиқӣ, зиндагии мардумро бо тамоми латофату зебоияш, шебу фарозаш, дарду аламаш, каму костиаш сода, самимӣ ва равон инъкос мекард. Фалсафаи шеъри ӯро ҳаёти абармардони илму фарҳанг, мероси гаронбаҳои ниёгонамон, зиндагии суннатии мардуми тоҷик, муҳаббат ба Тоҷикистони камзамину саросар кӯҳсор, вале биҳиштосо ташкил медиҳад. 

Қасдам аз шеъру шоирӣ ин аст,

Доди худ воситонам аз олам.

То ки қадре баланд бардорам

Шеърро ҳам баробари одам…

Тоҷикистон!

Зи санги куҳсорат

Ёдгорӣ на пайкара хоҳам.

Балки аз ҳар ситеғу ҳар сахра,

Аз ҳама водию дара хоҳам,

Ки ҳама сангҳои кӯҳистон,

Хомӯширо зи хеш бифшоранд.

Шеърро, шеъри хубро дар худ

Сабт созанду зиндатар доранд.

Давраи ҷавонӣ ва ҷустуҷуҳои эҷодии Лоиқ ба замоне рост омад, ки асари Расул Ғамзатов “Доғистони ман”, асарҳои оҳанги худшиносии миллидоштаи Чингиз Айтматов, ашъори нави Муъмин Қаноат чоп мешуданд ва дар замири ҷавонони рӯшанфикру худшинос муҳаббат ба Ватан, мероси ниёгон, забони поки модарӣ, фарҳанги оламгир, илму ирфон, туғён барои шинохтани халқи худ ҷӯш мезад. Лоиқ аз аввалин ҷавононе буд, ки дар ашораш ба мавзуи худшиносии миллӣ рӯ овард ва муваффақ ҳам шуд. Ашъори Лоиқ девони худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷик аст ва дар ин шакке нест.

Устод Лоиқ меҳмони Қосимободи Навобод. Дар акс: омӯзгорон Нуриддин Шарифзода, Қосимов Муҳаммадшариф ва Раҷаббойи Завронӣ ҳангоми гусели устод.

Ба банда саодате насиб гардидааст, ки бо устод Лоиқ шиносоии наздик доштам ва борҳову борҳо бо эшон ҳамнишин будам. Чун дар арафаи 85-солагии устод қарор дорем, ду-се хотираи замони ҳамнишинӣ бо эшонро ба ёд меорам.

Лоиқ зодгоҳашро хеле дӯст медошт, ҳар як пайроҳаю навою адир, талу теппаҳои онро медонист. Ҳар гоҳ ки ба Панҷакент биёяд, аввал дар Мазори Шариф истироҳат карда, баъдан ҳатман ба деҳаи Навобод, ба мавзеи Қосимобод ташриф меовард. Қосимобод дар лаби канали Марғедар воқеъ буда, шаршараи аҷибу зебо дорад. Нишастан дар канори он, зери сояи дарахтон ба инсон рӯҳу накҳати тоза мебахшад. Ҳар гоҳ ки Лоиқ ба ин мавзеъ меомад, дӯстонаш аз ҳар тараф гирд омада, суҳбат меоростанд ва мухлисонаш мекӯшиданд ба устоди шеър хизмат кунанд. Лоиқ бо вуҷуди шуҳратёр буданаш хеле хоксор ва рафиқи мушфиқу меҳрубон буд. Баробари расидан ба Навободу ҷой гирифтан дар Қосимобод амр мекард, ки ҳатман маро пайдо кунанд. Банда ба хизмати шоири миллат шитофта, соқиномаҳо, ғазалҳои Ҳофизу Туғралро барояш қироат мекардам. Лоиқ аз шеъри ноби классикон лаззат мебурд. Банда ба иллати захми меъда аз бисёр таомҳо ва машрубот парҳез мекардам. Лоиқ гоҳо шӯхиомез мегуфт, ки “ту фаришта ҳастӣ, нафс надорӣ!”.

– Шоиро, бишнав ки ҳазрати суханофар чӣ гуфтааст,- мегуфтам бо овози марғуладор ба маҳофили гузаштагон тақлид карда:

Фаришта ишқ надонад, ки чист, эй соқӣ,

Бихоҳ ҷому гулобе ба хоки Одам рез.

Қадру қимати волои неъматҳои офаридагонро танҳо инсон медонад, ки чист зеро офаридагор ба инсон нафс ва аз ҳама бузургтарин неъмати ноёб – ақл додааст. Ба ҷуз ақлу хирад ба баъзе бандагони баргузидааш истеъдоди ваҳй ато кардааст. Шумо, Лоиқ, инсони баргузида ҳастед, ки баҳри шумо Офаридгор сухани воло додааст…  Лоиқ, ки хеле хоксор буд, аз чунин тавсифҳои ман шарм мекарду бо шӯхӣ идома медод: “Таъриф мефоридааст”. Ҳама бо завқ механдидем, вале Лоиқ арзандаи ҳама тавсифҳо буд…

Боре дар деҳаи Ғӯсар як марди сарватманд хатнасури писарашро бо шукӯҳ баргузор мекард ва Муродбек Насридиннов, Афзалшоҳ Шодиев ва Аслиддин Мастонов ба давра шукӯҳу шаҳомат мебахшиданд. Дере нагузашта Лоиқ Шералӣ, Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод ва Сармад ворид шуданд. Соҳибҷашн аз Лоиқ хоҳиш кард, ки гардонандагии ин шабнишиниро ба уҳда гирад. Лоиқ ба атроф нигарист ва назараш ба се нафар муаллимони деҳа – Илёс Абӯнасров, Муҳаммадмурод Муҳаммадиев ва ман афтод ва ба соҳибҷашн тавсия дод, ки ана ҳамон муаллим давраро зебу оро медиҳад.

Ман он вақт лоғару назарногир будам. Соҳибҷашнҳо ба сӯйи мо омада, муаллимони дар паҳлуи ман бударо ишора карданд, вале Лоиқ аз ҷо бархост ва маро нишон дод… Соҳибхона бо шубҳа ба ман менигарист, вале фармудаи устод Лоиқро рад карда наметавонист.

Чун ба назди баландгӯяк рафтам, шеъри Лоиқ – “Нӯшбод”-ро қироат кардам. Ӯ ба ваҷд омад ва аз ҷо боло шуда, ба назди баландгӯяк омаду давоми шеъро қироат кард ва гуфт: “Худованд ба ту забони гӯё ато кардааст, ки чунин зебову муассир шеър мехонӣ”…

Вуҷуди моро эҳсосоти аҷибе фаро гирифту бо сари баланд маъракаи шабнишиниро баргузор кардем.

Як хотираи дигар аз солҳои пурошӯби кишварамон дорам. Дар Душанбешаҳр конференсияи илмӣ-амалии омӯзгорон мегузашт. Дар хотима иштирокчиён бо адибону олимон вохӯрӣ ташкил карданд. Он солҳо ҳама сиёсатзада буд. Дар ин ҷаъомад ҳам, баъзе атрофи суханварони номӣ Гулрухсор ва Бозор Собир аз фалахмони сиёҳ санги маломот партофтанд. Лоиқ дар минбар бо сари хам менишаст, вале дигар ба таънаю маломоти ҳамқаламонаш тоб оварда натавонисту чун ҳайкал аз ҷой хест. Аввал дар бораи шеъри Гулрухсор суханҳои нек гуфт, баъдан васфи Бозор Собир кард. Дар бораи шеъри “Забони тоҷикӣ”-и Бозор Собир сухан гуфта, аз минбар маро садо карда гуфт, ки ин шеърро қироат кунам. Вуҷудамро ҳиссиёти тарс фаро гирифт. Ба ҳар ҳол худамро ҷамъу ҷӯр карда, шеърро қироат кардам. Тамоми нишастагон аз ҷой боло шуда, қарсак заданд, вале он сиёҳкорон аллакай толорро тарк карда бурданд. Лоиқ бо шодмонӣ дастамро фишурд.

Чунин инсони самимӣ, заминӣ ва дурандешу ростқавлу поквиҷдон буд Лоиқ Шералӣ.

Нуриддин ШАРИФЗОДА,

омӯзгори собиқадор, деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *