Бунёди 15 корхонаи саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат

Соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат 15 корхонаи саноатӣ бунёд шудаст. Инҳо корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти сохтмонӣ, кишварзӣ, филизӣ, селофан ва хӯрокворӣ мебошанд.

Дар ин бора Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки дар соли 2023 таваҷҷуҳи бештар ба соҳаи иҷтимоӣ дода шуд. Маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба ин соҳаи ниҳоят муҳим зиёд гардид.

Соли гузашта дар қиёси соли 2022 соҳаи маориф ба маблағи 30 миллиону 160 ҳазор сомонӣ ва тандурустӣ ба маблағи  6 миллиону 415  маблағҳои буҷети маҳаллиро бештар азхуд карданд, ки мутаносибан 20,6 ва 21,4 фоизро ташкил медиҳад.

Раис иттилоъ дод, ки соли 2023 муҳоҷирати сокинони шаҳри Ваҳдат зиёд шуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, айни замон 19992 сокини шаҳри Ваҳдат дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар муқоиса ба соли 2022 1497 нафар зиёд мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *