Левакант

Бунёди гармхонаҳои муосир дар шаҳри Левакант

Дар шаҳри Левакант ҶДММ «Тақсимоти яклухти Хатлон» гармхонаҳои замонавӣ бунёд мекунад. Мақсади асосӣ таъмини бозори истеъмолӣ дар ҳама фаслҳои сол бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар будааст.

Барои буёди гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъияти мавриди назар аз шаҳри Леваканти вилояти Хатлон 10 гектар заминро ба иҷора гирифтааст. Мувофиқи нақшаи ҶДММ «Тақсимоти яклухти Хатлон», дар майдони 10 гектар замин то охири соли 2023 гармхонаҳои муосир бунёд карда мешаванд.

Масъулин дар моҳи марти соли равон нахустин гармхонаро дар масоҳати 1,5 гектар ба истифода хоҳанд дод. Бо фаъолсозии аввалин гармхона каму беш 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.

Гармхонаҳо бо технологияи муосир муҷаҳҳаз мешаванд, ки ҳанӯз дар кишвар собиқа надоштааст. Баъди пурра сохтани гармхонаҳо дар майдони 10 гектар замин солона то 100 тонна маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ рӯёнида мешавад.

Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба Pressa.tj хабар доданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *