Чанд бозори шаҳри Душанбе дар рӯзҳои Соли нав фаъолият намекунанд

Ба муносибати таҷлили Соли нав бархе бозорҳо дар шаҳри Душанбе аз як то се рӯз кор мекунанд.

Тавре аз раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе хабар доданд, бозорҳои зерин дар рӯзҳои зикршуда кор намекунанд:

-бозорҳои “Корвон”, “Корвон-плюс” ва “Корвон-ситӣ” – рӯзҳои 1, 2 ва 3-юми январи соли 2026;
-бозори “Кӯшониён” – рӯзҳои 1 ва 2-юми январ;
-бозори “Меҳргон” – рӯзҳои 1 ва 2-юми январ;
-бозори “Фаровон” – рӯзи 1-уми январ.

Дигар бозору марказҳои савдои пойтахт дар рӯзҳои таҷлили Соли нав тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *