Шариф Назаров мутахассиси шинохтаи футбол даргузашт

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Шариф Назаров рӯзи 30-юми декабр дар сини 80-солагӣ ба асари бемории вазнин аз олам чашм пӯшидааст.

Шариф Назаров 23 феврали соли 1946 таваллуд шудааст. Ӯ дар таърихи варзиши тоҷик яке аз чеҳраҳои шинота ба ҳисоб меравад. Вай мураббии шоистаи ИҶШС ва Тоҷикистон оид ба футбол аст. Назаров аз маъмурӣ сар карда, то ба вазифаи сармураббӣ кор намудааст. Ӯ бо бисёр мураббиёне, ки дар муваффақияти дастаи “Помир”-и Душанбе саҳми назаррас гузоштаанд, фаъолият кардааст.

Таҳти роҳбарии Шариф Назаров «Помир»-и Душанбе соли 1988 дар лигаи якум ғолиб омада, ба лигаи олии ИҶШС роҳ ёфтааст.

Ҳамчун мураббӣ Шариф Назаров ҷоизаҳои зиёдеро ба даст овард. Ӯ қаҳрамони чандинкарата ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон аст. Ба ҳайси мураббии тими миллии Тоҷикистон ӯ Ҷоми даъвати КФО-2006-ро соҳиб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *