Чаро Тоҷикистон дар ВДНХ бино надорад?

Баъди чанд сол, имрӯз бо амри тақдир «ВДНХ» рафта будам. Биноҳои «Қазоқистон», «Қирғизистон» ва “Озарбойҷон»-ро дидаму хаёлам маро ба соли 2008 бурд.

Ҳини омӯхтани ҳуҷҷатҳои ИДМ (СНГ) дарёфтам, ки соли 2002 дар Кишинёв созишномае имзо шуда будааст, ки аз рӯи он Русия уҳдадор шудааст, то ба ҳар як давлати пасошӯравӣ биноҳои дар давраи ИҶШС ба онҳо мутааллиқро ройгон баргардонад ва онҳо дар «ВДНХ» (он замон «ВВЦ» ё «Всероссийский выставочный центр» ном дошт) намоишгоҳҳои худро дошта бошанд.

Бо ёфтани он ҳуҷҷатҳо аҷала ба назди сафири вақт Достиев Абдумаҷид Салимович рафтаму аз масъала гуфтам ва илтимос кардам, ки агар иҷозат диҳанд, ки Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия аз номи Тоҷикистон бо тарафи Русия гуфтугӯ кунад, ман ваъда медиҳам, ки як биноро ройгон барои Тоҷикистон бармегардонам!

А. Достиев ба ёвари вақташ Зоир Озодович Саидов, ки ҳоло дар кадом давлате сафир аст, супориш дод ва мо ҳарду ба вохӯрӣ бо директори генералии «ВДНХ» рафтем.

Мо 2 нафар ва аз тарафи «ВДНХ» 3 нафар буданд: дар миён директори генералӣ, ки домоди Рамазон Абдулатипов буд, ки он вақт сафири Русия дар Тоҷикистон буд ва аз ду тарафаш ду хонум.

Яке аз ҳамон хонумҳо ҳуҷҷат бароварду гуфт, ки Тоҷикистон дар ин маврид аз мо 300 метри мураббаъ хостааст.

Ман гуфтам:

— Узр! Аммо, барои Тоҷикистон 300 метри мураббаъ хеле кам аст! Ба мо биноеро, ки дар даврони Шӯравӣ дар ихтиёри Тоҷикистон буд, баргардонед ва ё на камтар аз 1000 метри мураббаъ пешниҳод кунед — ин талаботи мо мувофиқи ҳамон қарори дар Кишинёв қабулшуда аст!

Хулоса, дар охир онҳоро розӣ кунондему ба сафорат баргаштем.

Дар саволи ҷаноби сафир Зоир Озодович посух дод:

— Абдумаҷид Салимович, доктор 1 бино талаб кард ё 1000 метри мураббаъ.

А. Достиев:

— Аз уҳдааш мебароӣ?

Ман:

— Бале, ҷаноби Сафир! Агар Тоҷикистон иҷозат диҳад, ки аз номи ҷумҳурӣ ин масъаларо пайгирӣ кунем, аз уҳдааш мебароям!

А. Достиев:

— Чӣ кораш мекунӣ?

Ман:

— Аз рӯи қарори байни кишварҳо, ки дар Кишинёв қабул шудааст, 25%-аш бояд намоишгоҳи маҳсулоти кишварҳо бошад. Дар боқимондааш як чойхонаи тоҷикӣ мекушоем, дафтари намояндагиҳои мухталифро ифтитоҳ мекунем, маркази муҳоҷирон мекушоем, синфҳои таълими дарсҳои забону адабиёти тоҷикро ташкил мекунем.

Абдумаҷид Достиев, ки дар тоҷикпарастияш шубҳа надоштам, розӣ шуд ва ба кормандонаш супориш дод, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон мактуби заруриро таҳияву равон кунанд.

То 6 (!) моҳ гоҳе аз А. Достиев мепурсидам, ки тақдири мактуб чӣ шуд ва кай думболи баргардонидани ҳақи ҳалоли тоҷикон шавем, зеро бинои «Тоҷикистон» дар «ВДНХ» аз маблағи Тоҷикистони Шӯравӣ сохта шуда буд.

Ҳар бор «мунтазири ҷавобем» мешунидам.

Шояд то ҳол «мунтазири ҷавоб» бошанд…

Дар ин миён…

Рӯзе дар «Қасри миллатҳо» дар суҳбат бо Обазкан Сардарбеков, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии қирғизҳо гуфтам:

— Обазкан, ту ҳам думболи баргардонидани бинои қирғизҳо шав.

Ӯ аз мавзуъ пурсид ва ман нусхаи ҳуҷҷатҳоро фиристодам.

Аллакай баъди 1 соли суҳбатамон, соли 2009, Обазкан даъватнома фиристоду дар ифтитоҳи расмии бинои «Қирғизистон» дар «ВДНХ» иштирок доштам.

Имрӯз дидам, ки соли 2016 озариҳо ва соли 2017 қазоқҳо ҳам биноҳои худро баргардонидаву таъмир кардаанд.

Арманиҳову белорусҳову ғайра моликияти худро аз даст надода буданд.

Боре дар “Фейсбук” навишта будам, ки барои эҳтироми ҳамаи миллатҳои собиқ Шӯравӣ дар Маскав кӯчае, паскӯчае, хиёбоне, майдоне ва ғайра номгузорӣ шудааст, ба ғайр аз тоҷикон!

Аз он ҳам навишта будам, ки замоне пайкараи Абайи қазоқонро дар Маскав гузоштанду яке аз шабакаҳои Русия аз раҳгузарон мепурсид, ки ин пайкараи кист ва касе ҷавоб намедод. Фақат як марди калонсоле ба пайкара нигаристу гуфт:

— Ин Абайи қазоқон аст. Аммо, чаро ба ӯ пайкара гузоштаанд, ҳайронам! Беҳтараш ба Рӯдакии тоҷикон мегузоштанд!

Пайкараҳои Абай, А. Навоӣ, Р. Ғамзатов, нимпайкараи Манас ва ғайра дар Маскав ҳастанд.

Аз Бобоҷон Ғафурове, ки асосгузори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Шӯравӣ буд, аз Мирзо Турсунзода, ки солҳои сол раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиёву Африқои Шӯравӣ буд ва на ба номи дигаре нишонае нест.

Соли 2011 садсолагии Мирзо Турсунзодаро дар Маскав ташкил карда будам. Ба Ҳукумати Маскав пешниҳод карда будам, ки тахтаи ёдбуде дар биное, ки Турсунзода мезист, гузорем. Онҳо розӣ буданд, вале гуфтанд:

— Мирзо Турсунзода ходими шинохтаи сиёсиву фарҳангиву давлативу адабӣ буд ва дар Тоҷикистони имрӯза қаҳрамон ҳисоб аст. Агар аз тарафи ҳукумат ё ҳадди ақал Сафорати Тоҷикистон дархост ё мактуб шавад, розием. Вале, аз пеши худамон кунем, шояд хушашон наояд.

Ин ҷавоби Ҳукумати Маскавро ба Тоҷикистон расонидам…

Посух наомад…

Ҳамчуноне, ки барои бозгардонидани бинои «Тоҷикистон» дар «ВДНХ» «мунтазири ҷавобем», дар ин мавзуъ ҳам пой дар гили «мунтазири ҷавобем» ғӯтта зад.

Абдулло ДАВЛАТОВ, шаҳри Москва

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.