Чаро журналист ё ВАО-ро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Айни ҳол  дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд семинар-тренинг дар мавзӯи  “Хусусиятҳои баррасии парвандаҳои судӣ бо иштироки ВАО ва рӯзномагорон” баргузор шуда истодааст.

 Семинар бо иштироки  кормандони Суди Олӣ-Қодирзода Тоҳир Қамар, Раиси коллегия оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Завқизода Солеҳ Амин, директори маркази таълимии судияҳои назди Суди Олӣ, Иноят Иноятов, адвакат, ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО, Ильгар Ибрагимли, Мушовир оид ба рушди ВАО, Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ва Раиси Шурои ВАО-и Тоҷикистон Хуршедҷон Ниёзов,  Нуриддин Қарчибоев, раиси АМВАУМТ доир шуда истодааст.

Ба гуфти раиси АМВАУМТ, Нуриддин Қарчибоев  дар 11 моҳи соли 2017  4 (чаҳор) парвандаи судӣ оид ба журналист ва ВАО мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар семинари мазкур  инчунин судияҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва журналистон иштирок ва мубодилаи афкор намуда истодаанд.

                                                                                               Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *