Сафар ба асал ё кулчақандҳои ба фурӯш нарафтаро чӣ бояд кард?

Ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон ба «Ангубин» сафар карданд.

Дар нимаи аввали рӯз бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Сомониёни Тоҷикистон саёҳат ба сехи қаннодии «Ангубин»-и шаҳри Хуҷанд ташкил гардид. Дар ин чорабинӣ, ҳамсолони онҳо аз деҳаи Кок-Тоши Қирғизистон низ ширкат намуданд.

Бонувони кишварҳои ҳамсоя дар бобати технологияи омода намудани шириниҳо аз масъулини сех кунҷкобона саволгузорӣ мекарданд. Онҳо ҳар як кӯшиши корманди сехро, аз омода намудани хамир то ороиши кулчақанд бодиққат, мушоҳида менамуданд. Бархе ҳатто дар телефонаш аз оғози шиносоӣ  то ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро сабт мекард.

«Барои «дарозумрӣ»-и шириниҳо чӣ бояд кард?», «аз кулчақандҳои ба фурӯш нарафта, кадом намудҳои шириниҳоро метавон омода кард?», «барои ороишоти кулчақанд чӣ гуна халтачаҳои қаннодӣ истифода мешаванд?», «сех дар як соат чӣ қадар кулчақанд омода мекунад?» ин аз қабили саволҳое буданд, ки бонувон маълумоти бештар гирифтан мехостанд.

Ҷавондухтарони деҳаи Кок-Тош пешниҳод намуданд, то ба онҳо дар таъсиси сехи қаннодӣ дар минтақаи Қирғизистон кӯмак намоянд. Онҳо хоҳиш намуданд, ки дар ҳолати таъсиси чунин сех дар «Ангубин» таҷрибаомӯзӣ намоянд. Ҳикоят Усмонова, қанноди сехи «Ангубин» иброз дошт, ки тӯли даҳ соли фаъолият муҳассилини литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд ҳар сол давоми 45 рӯз таҷриба мегузаранд.  Аз ин сабаб, сех баҳри омӯзиши ҷавонон ба ин ҳунар доимо омода аст.

Дар поёни сӯҳбат масъулини сехи қаннодӣ ба меҳмонон шириниҳо тӯҳфа намуданд.  Дар нимаи дуввуми рӯз ҷавонони деҳаҳои ҳамсарҳад аз осорхонаи таърихии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Саёҳат ба сехи қаннодии «Ангубин» дар доираи қисмати бизнес-чорабиниҳои лоиҳаи «Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон» бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон доир шуд.

                                                                        

                                                                                              Фарзона Муродӣ           

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *