Cобиқ сардори Идораи телевизион ва радиои Хатлон даргузашт

Cобиқ сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон Ҳамро Салимов дар 60-солагӣ даргузашт. Дар ин бора Носирҷон Маъмурзода дар “Фейсбук” хабар дод.

— Ҳамро Салимов, ки дар 60-умин баҳори умраш дори фониро падруд гуфт, то имрӯз дар мақомҳои муовини директори телевизионҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон» ва «Синамо» фаъолият карда, ҳамчун эҷодкори соҳибмактабу хушзавқ номдор шудааст,- навишт Н. Маъмурзода.

Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj аз даргузашти ҳамкасби худ андуҳгин буда, ба пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *