Дар Чин тӯфон хаймаи қаҳвахонаро бо одамонаш канда бурд (видео)

— Дар музофоти Ҳубейи Чин тӯфон як хаймаи қаҳвахонаеро ҳамроҳи мардум канда бурд,- хабар медиҳад хабаргузории МИР 24.

Тибқи ин хабар, кормандони қаҳвахона кӯшиш кардаанд, ки пояҳои хаймаро доранд, вале тӯфон онҳоро бо бом ба ҳаво бардошта партофтааст. Як нафар сахт маҷруҳ шудааст, ки ӯ соҳиби тарабхона будааст. Бар асари ҳодиса чанд қабурғаи ӯ шикаста ва ҳоло дар беморхона аст.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар шаҳри Йичанг рух додааст. Ба гуфтаи мутахассисон, суръати шамол он рӯз ба 117 километр/соат мерасидааст.

Қаблан дар шаҳри Баймоқи Бошқирдистон тӯфон як истгоҳи автобусро аз болои девори яке аз кӯчаҳо ба болои ҳавлие партофта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *