Баррасии мавзуи баробарии гендерӣ дар Душанбе

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ муовини директори минтақавии Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва тавонмандбахшии занон “СММ-Занон” дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Элиза Фернандес Саенсро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКХ хабар дод.

Бино ба хабар, дар рафти вохӯрӣ рушди робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону “СММ-Занон”, инчунин мавзуҳои татбиқи лоиҳаҳои ин ниҳод дар Тоҷикистон, баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон баррасӣ шуд.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи фаъолияти “СММ-Занон” дар Тоҷикистон омодагии худро изҳор доштанд.

Мавриди зикр асмт, ки ташкилоти “СММ-Занон” Барномаи муштараки СММ оид ба баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занҳо мебошад, ки бо мақсади тезонидани раванди таъмини талабу ниёзи занону духтарон дар саросари ҷаҳон таъсис дода шудааст. Намояндагии “СММ-Занон” дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила ҷиҳати роҳандозии фаъолияти гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ, додани маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ барои занон, аз ҷумла дар масъалаи ҳуқуқ ба замин ва амволи давлатӣ фаъолият бурда истодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *