Дар Данғара ду ҷинояткор нобуд ва як нафар дастгир шуд

29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум пахш карда шуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар хориҷиён дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Дангара ба ҳалокат расиданд.

Бо дастури Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткор сафарбар карда шудаанд.

Дар ҷои ҳодиса гурӯҳи корӣ аз Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсус таъсис дода шуда, чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ барои кушодани ҷиноят идома дорад.

Фарзияи аввал, ин садамаи нақлиётӣ мебошад, дигар фарзияҳо низ коркард шуда истодааст.

Ба 3 нафар шаҳрвандон, ки ҷароҳатҳои сабук гирифтанд кӯмаки тиббӣ ва рӯҳӣ-равонӣ расонида шуда истодааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара нақлиёти ба ҷинояткор тааллуқдошта, тамғаи Леганза рақами давлатияш 74-98 ВН 03, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44, тааллуқ дорад, дарёфт гардид, осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳанд, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад.

Барои дастгир намудани ҷинояткор ва 3 нафаре, ки бо ӯ ҳамроҳӣ доштанд ҳамаи чораҳои зарурӣ аз ҷониби бригадаи тафтишотӣ андешида шуда истодаанд.
Дар минтақаҳои наздик ба ин мавзеъ Сарбанд, Бохтар, Вахш, Панҷ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноят содирнамуда муайян гардида, 1- нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.
Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст.

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *