Дар Душанбе амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки аз 13 то 23 апрели соли 2026 дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартии «Пиёдагард» гузаронида мешавад.
Ҳадафи асосии ин амалиёт баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳо бо иштироки пиёдагардон арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои мақомот, дар се моҳи соли ҷорӣ дар Душанбе 44 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 32 ҳолат ба зеркунии пиёдагардон рост меояд. Дар натиҷа 6 нафар ҳалок шуда, 26 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ