Агентии ҳавошиносӣ аз 4 рӯзи хокбориш  ҳушдор дод

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост, ки дар рӯзҳои наздик бо эҳтиёт бошанд, зеро дар ҷумҳурӣ хокбориш ва афзоиши олудагии ҳаво пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 15–16 апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе хокбориш ба қайд гирифта мешавад. Ҳамзамон, рӯзҳои 17–18 апрел чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои шимолӣ ва марказии вилояти Суғд дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки воридшавии чангу ғубор аз самтҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ боиси баланд шудани сатҳи олудагии ҳаво мегардад.

Мақомот ба сокинон тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо аз гаштугузори зиёдатӣ дар кӯчаҳо, махсусан дар наздикии роҳҳои мошингард, худдорӣ намуда, тадбирҳои ҳифзи саломатиро риоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *