СИЗО-и нав дар Истаравшан. Иқдоми ғайриодии як соҳибкор
Дар шаҳри Истаравшан боздоштгоҳи муваққатии нав (СИЗО) ба истифода дода шуд, ки бо маблағгузории як соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст. Ҷолиб он аст, ки фарзанди ин соҳибкор дар ҳамин муассиса нигоҳдорӣ мешудааст.
Боздоштгоҳи муваққатии ЯТ9/5-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, ки қаблан дар маркази шаҳр, наздики Қалъаи Муғ ҷойгир буд, акнун ба ҷамоати деҳоти Зарҳалол, даромадгоҳи шаҳр кӯчонида шудааст.
Бинои нав рӯзи 10-уми апрел бо ширкати Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Абдусаттор Қодирӣ, раиси шаҳри Истаравшан ба истифода дода шуд.
Ба гуфтаи Парвизҷон Зафарзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан, бинои қаблӣ беш аз 100 сол дошт ва бинобар фарсудагӣ ва намнокии зиёд, хатари паҳншавии бемории сил миёни боздоштшудагон афзоиш ёфта буд.
Ӯ афзуд, ки пас аз дидани шароити вазнин, соҳибкор тасмим гирифтааст бинои навро бо тамоми шароити муосир, аз ҷумла фарши гарм ва таҷҳизоти зарурӣ бунёд намояд.
Қарор аст, дар рӯзҳои наздик боздоштшудагон ба муассисаи нав кӯчонида шаванд. Ҳамзамон, дар ҷойи бинои кӯҳна сохтмони бинои баландошёна дар назар аст.
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон фаъолият мекунанд ва зиёда аз 15 ҳазор нафар дар онҳо адои ҷазо менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ