Дар Душанбе 43 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили хонандагон сабт шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми се моҳи аввали соли 2026 43 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумиро ба қайд гирифта, нисбати волидайн парванда оғоз намудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, парвандаҳо бо моддаи 164-и Кодекси ҷиноятӣ боз шуда, барои чунин қонуншиканӣ ҷарима, корҳои ҳатмӣ ё то ду соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Мақомот аз волидон даъват мекунанд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, барои таҳсили онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ