Ҷайҳун: Озмуни “Китобхони беҳтарин” ҷамъбаст шуд

Дар ноҳияи Ҷайҳун озмуни “Китобхони беҳтарин” ҷамъбаст гардид. Озмуни мавриди назар дар доираи эълон гардидани солҳои 2026 – 2030 “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон гузаронида шудааст.

Умед Эшонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки озмуни “Китобхони беҳтарин” як моҳ давом кард. Ӯ мегӯяд, озмуни мавриди назар бо дастгирӣ ва ташаббуси шуъбаи ВКД ва шуъбаи маориф баргузор гардида, ғолибон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои гуногун қадрдонӣ гардиданд.

“Дар озмуни “Китобхони беҳтарин” хонандагону омӯзгорон ва хоҳишмандон иштирок карданд. Озмун як моҳ идома кард ва 19 нафар ғолиби озмун бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои гуногуни пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд”,-гуфт номбурда.

Умед Эшонзода афзуд, ки дар озмун зиёда аз 460 нафар иштирок намуданд, ки ин дар фаъолнокии онҳо дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” нақши назаррас хоҳад гузошт. Ба таъкиди вай, дар умум ғолибон бо 5 телевизори муосир, 4 дастгоҳи нонпазӣ, 4 дастгоҳи обгармкунак, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 16 ҳазор сомонӣ ва Ифтихорномаҳои шуъбаи ВКД-и ноҳияи Ҷайҳун ҳавасманд гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *