Давлатмард – гувоҳи садоқат ва шаҳодати касбият 

Китоби навбатии муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло  бо номи «Давлатмард» тавассути нашриёти “Шарқи Озод” аз чоп баромад. 

 «Давлатмард»  китоби ҳафтуми Далер Абдулло  мебошад ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шуда,  аз 35 мақолаи гулчини марбут ба шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардида, шаҳодати садоқати муаллиф ба сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

   Дар китоб ҷонфидоӣ, ташаббускорӣ, раъиятпарварӣ, иродаи қавии сиёсӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯӣ шуда, матолиби он ба болоравии ҳувияти миллӣ ва фаъолтар шудани ҷомеа баҳри ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Мутолиаи китоб ба ҳама қишрҳои ҷомеа, хоса ­масъулини мақомоти давлатӣ, сиёсатшиносон, аҳли зиё, насли наврас, тавсия мешавад. 

  Ба китоб муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо сарсухан навишта, он зери назари сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода ва бо муҳарририи доктори илмҳои иқтисод, профессор Маҳмадалӣ Қурбонзода чоп гардид.  

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо дар сарсухан, аз ҷумла зикр кардааст, киба шарофати ҷонфидоӣ, поквиҷдонӣ, қонунмеҳварӣ ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Ин ҳама ба халқ ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи кишвар мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, арҷ гузоштан ба ҷонфидоиҳои Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан буда, бояд шурӯъ аз муҳити хонавода талқин гардад”.

Албатта, то чӣ андоза комёб будан дар бозгӯйӣ намудани шахсияти Пешвои миллат ба донишу касбият вобаста буда, аз садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ ва ҷасорат маншаъ мегирад. Матолибу пажӯҳиш вобаста ба ин мавзуъ дар сурате нишон­рас ва дар ташаккули афкори ҷомеа таъсиргузор мешаванд, ки ба аҳли ҷомеа ҳаводиси қаблиро ёдрас намуда, далелу рақамҳоро дар заминаи қиёс пешниҳод созанд. Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамояд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа, хизмат кунанд. Табиист, ки то чӣ андоза комёб будани журналист дар инъикоси дастоварду пешравиҳои мамлакат ба донишу касбият вобаста буда, аз садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ, ҷасорат, азми қавӣ ва нияти нек маншаъ мегирад.

Ҳар китоб ҳатман чизеро ба хонанда медиҳад, ҳадди ақал бархе аз иттилоъро, вале китобҳои хуб на танҳо иттилоъ медиҳанд, балки хонандаро ба андеша кардан водор месозанд. Хонанда аз мутолиаи чунин китобҳо неку бадро мешиносад, сатҳи андешааш ба таври мусбат тағйир меёбад ва ба марҳилаи болотари фикрӣ мерасад.

Китобҳои хуб аслан бо забони одӣ ва ба ҳама фаҳмо иншо мешаванд, ахлоқи ҳамидаро тарғиб менамоянду инсонҳоро сӯи рӯшноӣ мебаранд

Лозим ба ёдоварист, ки соли 1997, дар анҷумани XI нависандагони Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон чунин савол ба миён гузоштанд: – Ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстии мардумро кӣ бояд баланд бардорад? Ва посух дода буданд: шоир, нависанда, олим, рӯзноманигор.

-Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки яке аз пайравони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, журналисти ватандӯст, қаламкаши ба арзишҳои милливу давлатӣ содиқ, номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло дар ин ҷода комёб аст. Бахшида ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ нашр шудани китоби мазкур идомаи мантиқии иқдомоти ватандӯстонаи ин журналист ва олим маҳсуб мешавад. Аз 35 мақолаи пурмуҳтаво дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таркиб ёфтани китоби «Давлатмард» мантиқан рамз дошта, мазмуну моҳияти онро бамаротиб афзудааст,-нигоштааст Маликшо Неъматзода.

Бурди дигари муаллифи китоби «Давлатмард»  ин аст, ки ҷоннисориҳои Пешвои миллат, роҳи мушкили тайкардаашонро воқеъбинона, холисона, бо истинод бо далелҳои раднопазир бозгӯӣ намудааст. Далер Абдулло ифтихорманд аст, ки ҳамчун журналисти ба арзишҳои милливу давлатӣ арҷгузор, саҳмгузор, шоҳиди ҷонфидоиву заҳмати шабонарӯзии ин Абармард мебошад, аз моҳияту муҳимияти ибтикори амалинамудаи Роҳбари давлат огоҳ аст, мақсаду ҳадафи ниҳоии Президент – таъмини зиндагии шоистаи мардумро дарк кардааст, доир ба самимияту ҷасорат ва одамияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шоҳидони ҳол зиёд шунидааст, беназир будани мақому манзалат ва маҳбубияти ин фарзонафарзанди ватандӯстро дар арсаи байналмилалӣ далели бебаҳс медонад ва дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари хирадманду бунёдкор ба қадри имкон саҳмгузор аст.

Дар марҳилаи шиддати ҷангҳои иттилоотӣ журналистон ба сифати афсарони идеологӣ дар самти дифоъ аз арзишҳои давлатӣ ва милливу маънавӣ бояд ­фаъолияти назаррас дошта бошад, инчунин, аҳли қалами кишвар дар пешорӯйи паҳн намудани маълумоти ғаразноку таҳқиромез, ки ба хотири паст намудани иродаи сиёсӣ ва азму субот, инчунин расидан ба иззати нафси мардум ва миллат паҳн карда мешаванд, хомӯшӣ ихтиёр накунанд. Тавре муаллиф нигоштааст, «солҳои охир муҳорибаҳои иттилоотӣ, ки ҳадди ниҳоии сиёсинамоии журналистика ва ба афсарони иттилоотӣ табдил додани журналистон маҳсуб мешавад, беш аз пеш авҷ гирифтааст. Дар ин раванд расидан ба мақсад ва дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ кардани фаъолият бидуни қаробати журналист ва сиёсат ғайриимкон аст. Бояд мадди назар дошт, ки ба ин ҳарбгоҳ сафарбар шудани журналистоне, ки ҷасур нестанд, пайомади ногувор ба бор меорад. Бегуфтугӯ, дар ҷангҳои иттилоотӣ журналистоне комёбанд, ки ҷасуранду содиқ». Муаллифи китоб аз ҷумлаи журналистони ҷасуру комёб аст.

Нашри китоби мазкурро дар соли таърихӣ – айёме ки омодагиҳо ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса идома дорад, рӯйдоди муҳиму фараҳбахш арзёбӣ карда, мутмаинем, ки заҳмати муаллиф бештар аз интизориҳояш дар роҳи шинохти фаротари қаҳрамони воқеии даврони истиқлол фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаровар хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *