Дар минтақаи Варзоб 29 тарма фаромад

Субҳи имрӯз, 22 январ дар минтақаи Варзоб 6 тармаи дигар фаромад. Бо дарназардошти 23 тармаи шаби гузашта, шумораи умумии тармаҳои фаромада ба 29 адад расид. Ширкати IRS иттилоъ медиҳад, ки  бар асари бориши пуршиддат ва давомдори барф, баландии қабати барф дар баъзе қитъаҳо то 35 сантиметр расидааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз дар километри 66-уми роҳи мазкур, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, автомобили тамғаи «Опел» зери тарма монда буд. Кормандони хадамоти дахлдор фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ронанда ва мусофиронро наҷот доданд. Бо ҷалби техникаи пуриқтидори филиали ширкат, автомашина низ аз зери тарма берун кашида шуд. Хушбахтона, дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.

Ширкати IRS аз ронандагон ва мусофирон хоҳиш кардааст, ки то боз шудани роҳ аз сафар тавассути ин масир худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *