Аз сайёҳӣ то зеҳни сунъӣ. Самтҳои нави ҳамкорӣ дар суҳбати Шариф Ҳамдампур бо Раҷеш Уике (видео)
77 сол аст, ки 26-уми январ дар Ҳиндустон ҳамчун Рӯзи ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад. Дар остонаи ин ҷашн Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шуд.
Аз Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон то шинохти Тоҷикистон
– Ҷаноби Раҷеш Уике, ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” хуш омадед. Дар оғоз мехостам дар бораи Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон каме маълумот диҳед.
-Пеш аз ҳама, мехоҳам ба шумо, ки имрӯз маро дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва медиахолдинги “ОИЛА” қабул намудед, изҳори сипос намоям. Ман бо хушнудӣ қайд мекунам, ки медиахолдини “ОИЛА” бузургтарин ташкилоти расонаӣ дар Тоҷикистон мебошад ва ҳузури хеле қавӣ дар майдони расонаҳои чопӣ ва электронӣ дорад.
Ман хеле хушҳолам, ки дар ин ҷо ҳузур дорам ва метавонам бо шумо дидгоҳҳои худро оид ба масъалаҳои гуногун мубодила намоям, аз ҷумла доир ба ҷашни Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон. 26-уми январи соли ҷорӣ мо 77-умин солгарди Рӯзи ҷумҳурии худро ҷашн мегирем. Ин рӯз ба соли 1950 рост меояд, замоне ки қонуни асосии мо қабул гардид. Тавре маълум аст, Ҳиндустон 15-уми августи соли 1947 истиқлол ба даст овард. Аммо Маҷлиси муассисон барои таҳияи Конститутсия дуюним сол вақт сарф намуд. Конститутсия ниҳоят 26-уми ноябри соли 1949 қабул шуд, вале аз 26-уми январи соли 1950 мавриди амал қарор гирифт. Аз ҳамон вақт инҷониб, ҳар сол мо 26-уми январро ҳамчун Рӯзи ҷумҳурии худ ҷашн мегирем.
Ин яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мо мебошад. Ин сана арҷ гузоштан ба демократия ва қудрати мардум аст. Аз ин рӯ, ин ҷашн аҳамияти махсус дорад. Дар ин рӯз мо гузаштагони худ, муборизони роҳи озодиро ба ёд меорем, ба онҳо эҳтиром мегузорем ва барои пешрафти кишвари худ талош меварзем.

– Шумо соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳайси сафир фаъолият доред. Вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Тавре шумо медонед, кишварҳои мо дорои робитаҳои таърихиву тамаддунӣ мебошанд ва аз замонҳои қадим байни мо мубодилаи мардум, равобити қавии тиҷоратӣ ва иртиботи иқтисодӣ вуҷуд дошт. Мардуми ин минтақа аз Осиёи Марказӣ то Ҳиндустон ҳамеша бо якдигар дониш, ҳикмат ва таҷриба мубодила мекарданд ва бо ҳамдигар тиҷорат менамуданд. Аз ин рӯ, байни кишварҳои мо пайвандҳои устувори тамаддунӣ шакл гирифтаанд.
Бо такя ба ҳамин замина, пас аз он ки Тоҷикистон истиқлоли сиёсӣ ба даст овард, Ҳиндустон яке аз аввалин кишварҳо буд, ки онро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар кишвар боз намуд. Аз ҳамон вақт инҷониб, мо дар равобити дуҷонибаи худ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидем.
Муносибатҳои дуҷонибаи мо фарогири самтҳои гуногун мебошанд, аз ҷумла равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, ҳамкориҳои технологӣ ва сайёҳӣ. Айни замон мо унсурҳои нави ҳамкориро низ ба ин равобит илова карда истодаем, то онҳоро ба замони муосир ҳамоҳанг созем.
Ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ
– Дар шафати идораи рӯзномаи мо хобгоҳи донишҷӯёни Ҳиндустон ҷой гирифтааст. Қариб ҳамарӯза мо онҳоро мебинем ва ҳамроҳашон суҳбат мекунем. Аксари онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳастанд. Сабаб чист, ки таваҷҷуҳи донишҷӯёни ҳинд ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон зиёд аст?
– Тавре маълум аст, шаҳри Душанбе ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун маркази муҳими таҳсилоти тиббӣ шинохта мешуд ва Донишгоҳи тиббии Душанбе дар тӯли солҳои зиёд нуфузи баланд дошт. Аз он рӯзгор то ба имрӯз гурӯҳ-гурӯҳ донишҷӯёни ҳинд ба ин ҷо омада, таҳсили тиббиро идома медиҳанд. Дар ин шаҳр наслҳои зиёди мутахассисони тиби Ҳиндустон ба воя расидаанд, ки натанҳо дар кишвари худ, балки дар саросари олам кору фаъолият доранд. Дар маҷмуъ, ҳар сол тақрибан 250 донишҷӯ аз Ҳиндустон барои таҳсил дар риштаи тиббӣ ба Тоҷикистон меоянд ва дар як соли таҳсил тақрибан 1400 донишҷӯи ҳинд дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд.
– Тавре ишора намудед, донишҷӯёни Ҳиндустон солиёни зиёд аст, ки дар соҳаи тиб дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Давоми таҳсил онҳо бо урфу одати мардуми тоҷик аз наздик шинос мешаванд. Оё имкон дорад, ки Ҳиндустон дар Тоҷикистон як бемористони пешрафтаеро таъсис диҳад, ки ба ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна хизмат расонад?
– Ин як пешниҳоди хеле хуб ва амалӣ мебошад. Аллакай чанд клиникаи ҳиндӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкорӣ доранд ва дар ин ҷо марказҳои ташхис таъсис додаанд. Инчунин, мутахассисони ҳиндӣ ба таври даврӣ ба ин марказҳо меоянд, то хизматрасониҳои худро пешниҳод намоянд.
Тавре шумо зикр намудед, Ҳиндустон ҳамоно яке аз самтҳои хеле маъруф барои сайёҳии тиббӣ ба ҳисоб меравад. Шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон барои табобат ба шаҳрҳо ва беморхонаҳои гуногуни Ҳиндустон сафар мекунанд. Вале мо пешниҳоди шуморо боз ҳам амиқтар мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ки бояд бо ҷалби сармоягузории Ҳиндустон дар Тоҷикистон клиникае таъсис дода шавад, ки табобати босифат дар худи кишвар аз ҷониби мутахассисони ҳиндӣ, инчунин дар ҳамкорӣ бо мутахассисони тоҷик пешниҳод гардад.
Ҳамзамон, мехоҳам қайд намоям, ки мо мутахассисони соҳаи тибро аз Тоҷикистон барои иштирок дар барномаҳои гуногуни омӯзишӣ ба муассисаҳои пешрафтаи тиббии Ҳиндустон мефиристем.
Ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ
– Ҷаноби сафир, шумо дар баробари дипломат будан, мутахассиси соҳаи мошинсозӣ ва зеҳни сунъӣ низ ҳастед. Беҳтарин кормандони соҳаи IT дар дунё шаҳрвандони Ҳиндустон ҳастанд. Чанде пеш бо ташаббуси шумо як гурӯҳ журналистони тоҷик аз муассисаҳои технологияи IT дар Ҳиндустон дидан карданд. Ин соҳа дар Душанбе ҳам рӯ ба пешравӣ аст. Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул намуд, ки дар заминаи он Душанбе Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ эътироф гардид. Дар ин самт Ҳиндустон бо Тоҷикистон чӣ гуна метавонад ҳамкорӣ кунад?
– Соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, инчунин технологияҳои навпайдо, яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи мо ба ҳисоб меравад. Ман бо барномаи рушди миёнамуҳлати Ҳукумати Тоҷикистон то соли 2030 хуб ошно ҳастам ва аз таваҷҷуҳи ҷиддие, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи IT медиҳад, сахт таассуроти мусбат гирифтаам.
Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул намудааст, ки дар назди Дастгоҳи Президент ниҳоди вежа дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис диҳад ва мо дар ин самт бо онҳо ҳамкории хеле зич дорем. Ҳамзамон, мо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамкории фаъол дорем. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ин соҳа барномаи хеле хуб ва мукаммал дорад.
Айни замон мехостам зикр намоям, ки Тоҷикистон ба роҳандозии ҳукумати электронӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод таваҷҷуҳи зиёд медиҳад. Мо бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар тамос ҳастем ва дар воқеъ дар муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаем. Аллакай чанд даври музокирот байни коршиносони ҳар ду ҷониб баргузор шудааст.
Илова бар ин, соли гузашта яке аз ширкатҳои ҳиндӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, шартнома оид ба таъсиси маркази додаҳо (data center)-ро ба имзо расонид. Ба эҳтимоли зиёд, ин нахустин маркази додаҳо дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки пурра бо истифода аз энергияи сабз, яъне нерӯи барқи обӣ идора мешавад. Ин лоиҳа на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ низ иқдоми муҳим хоҳад буд.
Айни ҳол равандҳои нав ва хеле умедбахш идома доранд, корҳои зиёди ояндадор анҷом дода мешаванд. Инчунин, моҳи оянда мо дар Ҳиндустон ҳамоиши байналмилалии зеҳни сунъӣ AI Impact Summit-ро баргузор хоҳем кард, ки дар он иштироки намояндагон аз Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст.
Мо ҳамзамон коршиносони техникӣ, мутахассисони соҳавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ташвиқ менамоем, ки ба Ҳиндустон сафар намуда, дар ин ҳамоиш иштирок кунанд ва музокироти пурмуҳтаво анҷом диҳанд. Ҳадаф муайян намудани лоиҳаҳои мушаххас барои оянда мебошад, то ҳамкориҳоро дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, идоракунии электронии давлатӣ ва технологияҳои навпайдо боз ҳам тақвият бахшем.
Монеа барои рушди сайёҳӣ
– Ҳиндустон яке аз кишварҳои сайёҳӣ аст ва ин соҳа дар кишвари шумо хеле рушд кардааст. Оё таҷрибаи Ҳиндустон метавонад дар Тоҷикистон истифода шавад?
– Ҳукумати Ҳиндустон барои рушди сайёҳӣ – ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ як қатор ташаббусҳоро роҳандозӣ намуда, дар натиҷа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Шумораи сайёҳони хориҷӣ, ки минтақаҳои гуногуни Ҳиндустонро барои саёҳат интихоб мекунанд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, зеро Ҳиндустон кишвари пурҷозиба бо таърихи зиёда аз 5000-сола ва тамаддуни қадима мебошад. Аз ин рӯ, Ҳиндустон ҳамеша барои сайёҳони байналмилалӣ ҷолиб боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон низ, ҳангоми муошират бо ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, ман мебинам, ки ҳама аз иқтидори бузурги соҳаи сайёҳӣ огоҳанд. Танҳо масъалае, ки бояд бештар кор карда шавад, беҳтар намудани логистика ва фароҳам овардани инфрасохтору шароити мувофиқ барои гурӯҳҳои гуногуни сайёҳон мебошад.
Дар минтақа аллакай намунаҳои хеле муваффақ мавҷуданд. Масалан, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар ҷалби сайёҳон, аз ҷумла сайёҳони ҳиндӣ, ба натиҷаҳои хуб ноил шудаанд. Барои мисол, Ӯзбекистон аллакай ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор сайёҳи ҳиндиро қабул мекунад. Ба ҳамин монанд, шаҳри Алмаато низ ба як макони хеле маъруф табдил ёфтааст.
Мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ дур нестем, масофаи парвоз аз Деҳлӣ то Душанбе тақрибан ду соатро ташкил медиҳад. Агар Тоҷикистон ба таври хуб муаррифӣ ва таблиғ карда шавад, шумораи зиёди сайёҳони ҳиндӣ, бахусус ҷавонон, ба ин ҷо хоҳанд омад.
– Шумо фикр мекунед, ки монеаи асосӣ логистика аст?
– Бузургтарин мушкилоте, ки мо ҳам дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳам дар соҳаи тиҷорат бо он рӯ ба рӯ ҳастем, норасоии пайвастагии нақлиётӣ мебошад. Мутаассифона, имрӯз мо дорои имкониятҳои хеле маҳдуди иртиботӣ ҳастем ва бо назардошти мавқеи ҷуғрофии худ, мо дастрасии мустақими нақлиёти рӯизаминӣ надорем. Дар натиҷа, мо асосан ба нақлиёти ҳавоӣ такя мекунем.
Мо дар ин самт фаъолона кор карда истодаем, то шумораи парвозҳоро зиёд намоем ва парвозҳои мустақими ҳавоиро на танҳо байни ду пойтахт, балки ҳамчунин байни дигар шаҳрҳо ба роҳ монем. Баъзе ширкатҳои ҳиндӣ низ изҳори таваҷҷуҳ намудаанд, ки мехоҳанд хатсайрҳои парвози худро аз Ню-Деҳлӣ ба Душанбе оғоз намоянд.
Агар шумораи хизматрасониҳои ҳавоӣ бештар гардад, нархи чиптаҳо барои сафарҳои дуҷониба дастрастар хоҳад шуд ва теъдоди сайёҳон ва мусофирон дар ҳар ду самт афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, муҳимтарин вазифае, ки мо бояд якҷоя ҳал намоем, маҳз таъмини пайвастагии бештари ҳавоӣ мебошад.
– Кадом мавзеъҳо бештар сайёҳони ҳиндиро ба Тоҷикистон ҷалб карда метавонанд?
– Бо назардошти ҷуғрофияи Тоҷикистон, ки зиёда аз 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ин кишвар метавонад як макони хеле ҷолиб барои гардишгарон бошад. Аз ҷумла, барои варзишҳои саёҳатӣ, ба мисли сайругашт дар кӯҳҳо, кӯҳпаймоӣ ва варзишҳои зимистона. Яке аз сабабҳои асосии сафар кардани ҳиндуҳо ба Алмаато дар фасли зимистон маҳз машғул шудан ба варзишҳои зимистона мебошад. Аз ин рӯ, ин самтҳо метавонанд он бахшҳое бошанд, ки Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи махсус ба онҳо метавонад шумораи бештари сайёҳони ҳиндиро ҷалб намояд.
Аз забони форсӣ то қадршиносии Бобоҷон Ғафуров
– Чанде қабл забони форсӣ ба унвони яке аз забонҳои классикӣ ба сиёсати нави маорифи Ҳиндустон ворид карда шуд. Ин тасмим ба чӣ хотир гирифта шудааст?
– Дар Ҳиндустон як қатор забонҳо мақоми забони классикӣ гирифтаанд. Вақте ки ба ягон забон чунин мақом дода мешавад, ин маънои эътирофи расмии он забон, адабиёти он ва таъсири фарогири он ба анъана ва фарҳанги кишвари мо аст. Дар ҳамин росто, забони форсӣ низ ба сифати яке аз забонҳои классикии Ҳиндустон эътироф гардидааст.
Дар замони муосир низ анъанаи омӯзиш ва таҳсили забони форсӣ дар Ҳиндустон хеле қавӣ боқӣ мондааст. Иттиҳодияҳо ва созмонҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки мунтазам семинарҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳо баргузор намуда, мутахассисон ва донишмандони забони форсиро даъват мекунанд.
– Тибқи маълумотҳо дар Ҳиндустон ҳудуди як миллион дастхат ба забони форсӣ мавҷуд аст. Оё имкони ҳамкории Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар омӯзиш ва рақамисозии ин мероси нодир вуҷуд дорад?
– Бале, комилан дуруст қайд кардед. Дар гузашта мо омӯзгорон ва муҳаққиқони тоҷикро ташвиқ мекардем ва бархе аз онҳо худ хоҳиш мекарданд, ки ба Ҳиндустон сафар кунанд, то дар китобхонаҳои гуногун ба омӯзиш, таҳқиқ ва пайдо намудани дастхатҳо ва матнҳои аслии форсӣ-тоҷикӣ муроҷиат намоянд. Мо ин ташаббусҳоро дастгирӣ мекунем.
Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмии кишар дархостҳо барои дарёфти нусхаҳои хаттӣ ба мо шудаанд. Мо ин дархостҳоро ҷонибдорӣ намудем ва нусхаҳоро дар ихтиёри онҳо қарор додем. Дар Ҳиндустон Ҳукумати кишвар ташаббуси рақамисозии ҳамаи дастхатҳоро роҳандозӣ намуд ва ин раванд аллакай пурра анҷом ёфтааст.
Аз ин рӯ, имрӯз мубодилаи нусхаҳои рақамии ин дастхатҳо бо донишмандон, муҳаққиқон, китобхонаҳо ва муассисаҳое, ки ба онҳо таваҷҷуҳ доранд, хеле осонтар гардидааст. Мо минбаъд низ ҳама гуна ташаббусҳо ва корҳои илмии аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшударо, ки ба омӯзиши нусхаҳои хаттии Ҳиндустон равона шудааст, дастгирӣ мекунем.
– Дар шаҳри Душанбе нимпайкараҳои Маҳатма Гандӣ ва Робиндронат Такур гузошта шудаанд. Оё имкон дорад, ки ба яке аз дӯстони содиқи Ҳиндустон, дӯсти Индира Гандӣ Бобоҷон Ғафуров дар Ҳиндустон пайкара гузошта шавад?
– Ташаккури зиёд барои он ки ба ин нукта ишора намудед. Воқеан дар шаҳри Душанбе ду нимпайкараи шахсиятҳои миллии мо гузошта шудаанд. Мо ин эҳтиром ва иқдоми шоистаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти шаҳри Душанбе хеле баланд қадр менамоем ва аз он самимона миннатдорем.
Шумо комилан дуруст зикр намудед, ки Бобоҷон Ғафуров дар равобити кишварҳои мо нақши бисёр муҳим бозидааст. Ӯ дар Тоҷикистон анъанаи ҳиндушиносӣ ва омӯзиши фарҳанг ва таърихи Ҳиндустонро поягузорӣ намуд ва ин раванд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми фазои шуравӣ густариш ёфт. Мо фаъолияти илмии ӯ, ҷустуҷӯҳои донишмандонааш ва нақши калидие, ки дар наздик сохтани мардумони ду кишвар бозидааст, амиқ эҳтиром мекунем.
Таҳқиқоти илмӣ ва осори ӯ арзиши ҷовидонӣ доранд ва то имрӯз барои наслҳои минбаъдаи донишмандоне, ки ба ҳиндушиносӣ машғуланд, манбаи илҳом боқӣ мемонанд. Пешниҳоди шумо барои таҳкими робитаҳои ду кишвар як андешаи сазовори татбиқ мебошад.
Ман айни ҳол огоҳ нестам, ки оё дар ин самт ягон пешниҳод ё ташаббуси расмӣ вуҷуд дорад ё не, аммо ният дорам ин масъаларо бо ҳамкоронам дар Ню-Деҳлӣ, аз ҷумла дар Вазорат баррасӣ намоям. Агар дар ин самт ягон пешниҳод ё тарҳ мавҷуд бошад, ба назари ман, бояд онро дар авлавият қарор дод ва бовар ҳосил намуд, ки мероси Бобоҷон Ғафуров дар Ҳиндустон низ ба таври шоиста қадрдонӣ гардад.
– Шумо ду сол аст, ки Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҳастед. Дар ин давра кадом лоиҳаҳоро татбиқ намудед, ки имрӯз бо ифтихор аз он метавонед ҳарф занед?
– Мо як қатор самтҳои афзалиятнокро барои ҳамкории муштарак байни ду кишвар муайян намудаем. Агар дар оғоз бихоҳам баъзе аз ин самтҳои калидиро номбар кунам, пеш аз ҳама ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ мебошад. Яъне, рушди тиҷорати дуҷониба ва ташвиқи сармоягузориҳои мутақобила. Бояд зикр намуд, ки аллакай сармоягузориҳо аз ҷониби Тоҷикистон ба Ҳиндустон низ сурат гирифтаанд, бахусус дар соҳаи дорусозӣ. Тавре маълум аст, Ҳиндустон яке аз бузургтарин таъминкунандагони маҳсулоти доруворӣ ба Тоҷикистон мебошад ва мо ин шарикии анъанавиро дар соҳаи фармасевтика боз ҳам тақвият мебахшем.
Имрӯз баъзе соҳибкорони тоҷик дар Ҳиндустон корхонаҳои истеҳсолӣ таъсис додаанд, то дорувориро барои бозори Тоҷикистон таъмин намоянд. Илова бар ин, мо самтҳои дигарро низ ҳамчун афзалият муайян кардаем, аз ҷумла кишоварзӣ, нассоҷӣ, саноати чарм, коркарди металл. Дар оянда инчунин мехоҳем имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъданро низ баррасӣ намоем.
Самти дигаре, ки аҳамияти махсус дорад ва яке аз афзалиятҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, бахши энергетика мебошад, бахусус бо тамаркуз ба энергияи барқароршаванда. Дар ҳамаи ин самтҳо мо бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории зич дорем. Ҳамчунин, мехостам дар самти технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномаҳои идоракунии электронии давлатӣ, амнияти киберӣ ва ғайра фаъолона кор бубарем.
Дар бахши маориф ҳам ҳамкориҳои мо назаррас аст. Мо барои таҳсил дар Ҳиндустон стипендияҳо ва кумакпулиҳои хеле саховатмандона пешниҳод мекунем. То имрӯз ҷавонони тоҷик барномаҳои омӯзишии худро бо муваффақият анҷом дода, ба Тоҷикистон бозгашта, имрӯз на танҳо дар вазорату идораҳои давлатӣ, балки дар ташкилотҳои хусусӣ низ фаъолият мекунанд ва донишу таҷрибаи касбии онҳо имрӯз хеле талабгор дорад.
Мо минбаъд низ дар асоси манфиатҳои мутақобила самтҳои нави ҳамкориро ҷустуҷӯ хоҳем кард ва кӯшиш мекунем аз иқтидори ду иқтисоди босуръат рушдёбанда ба таври пурра истифода барем.


– Ташаккур барои ташрифатон ба идораи рӯзномаи “Тоҷикистон”!
– Ташаккури зиёд! Барои ман муошират бо шумо ва тими шумо боиси хушнудӣ аст. Умедворам, ки дар оянда боз чунин фурсатҳо барои мулоқот, муошират ва мубодилаи афкор фароҳам хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ