Тимошенко боз суд шуд

Суде дар Киев қарор кард, ки Юлия Тимошенко, сарвазири собиқи Украина бар ивази пардохти 33 миллион гривен ё тақрибан 760 000 доллар гаравпулӣ дар озодӣ бимонад. Додситон як миллион доллар талаб карда буд.

Тимошенко дар додани ришва ё имтиёз ба вакилони парлумони Украина бар ивази овоздиҳӣ ба тарҳҳои муайяни қонун гумонбар дониста мешавад. Ҳукми додгоҳ рӯзи 16-уми январи соли 2026 эълон шуд. Тимошенко раҳбари ҳизби мухолифи “Баткившина” ва се карат номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ буд. Соли 2011 дар давраи президентии Виктор Янукович дар берун рафтан аз салоҳиятҳои худ ҳангоми имзои созишномаи газ бо Русия айбдор ва 7 сол зиндонӣ шуд. Соли 2014, баъди фирори Янукович аз Украина озод шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *