Мастӣ боиси ҳабси маъмурӣ шуд

Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Бурҳониддин Санговро барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт карданд.

Ҳодиса 19-уми январ дар кӯчаи С. Айнӣ рух дода, номбурда бо рафтори дағалона ва истифодаи алфози қабеҳ нисбат ба шаҳрвандон беэҳтиромӣ намуда, ҳамзамон ба як қатор воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон зарари хурди техникӣ расонидааст.

Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардидааст, ки Сангов Б. воситаҳои нашъадори навъи «бангдона» ва машруботи спиртиро истеъмол намуда, дар ҳолати ниҳоят сахти мастӣ қарор доштааст.

Нисбат ба ӯ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *