Тоқаев даъвати Трампропазируфт
Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамтои қазоқистонии худ Қосим-Жомарт Тоқаевро ба узвият дар «Шурои сулҳ»-и идораи Навори Ғазза даъват карда, инчунин пешниҳод намудааст, ки Қазоқистон яке аз кишварҳои муассиси ин ниҳод гардад.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Қазоқистон Руслан Желдибай ба Tengrinews.kz хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоқаев ин пешниҳодро қабул кардааст.
«Пинҳон доштани далели дарёфти чунин муроҷиати расмӣ аз президент Доналд Трамп пас аз як силсила изҳороти раҳбарони кишварҳо дуруст намебуд. Бале, президент Қосим-Жомарт Тоқаев яке аз аввалин раҳбарони ҷаҳон буд, ки даъвати расмӣ барои пайвастан ба “Шурои сулҳ” дарёфт кард ва Қазоқистон низ барои яке аз давлатҳои муассис гардидан даъват шуд. Дар посух, сарвари давлат ба президенти ИМА нома ирсол намуда, миннатдории самимӣ ва омодагии худро барои шомил шудан ба ин иттиҳодияи нав тасдиқ кард. Президент инчунин омодагии Қазоқистонро барои саҳм гузоштан дар расидан ба сулҳи пойдор дар Ховари Миёна, таҳкими эътимоди байнидавлатӣ ва суботи глобалӣ таъкид намуд»,- хабар дод Желдибай.
Дар бораи таъсиси «Шурои сулҳ» Доналд Трамп 16-уми январи соли 2026 эълон кард. Таъсиси ин ниҳод ҷузъи нақшаи сулҳи президенти ИМА барои Ғазза арзёбӣ шуда, ҳамзамон бо ҷойгиркунии нерӯҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамон рӯз ҳамчунин аз таъсиси нахустин кумитаи иҷроияи шуро хабар дода шуд. Ба ҳайати он котиби давлатии ИМА Марко Рубио, фиристодаи вижаи Трамп Стив Уиткофф, домоди президенти ИМА ва сармоягузор Ҷаред Кушнер, нахуствазири собиқи Британияи Кабир Тони Блэр, президенти Бонки ҷаҳонӣ Аҷай Банга ва муовини мушовири амнияти миллии ИМА Роберт Гэбриел шомил шудаанд.
Дар расонаҳо аз даъвати Трамп ба дигар сарони кишварҳо, аз ҷумла сарварони Русия, Беларус, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо хабарҳо нашр шудаанд, вале ҳанӯз бисёре аз раҳбарони кишварҳо ба даъвати Трамп посухи аниқ надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ