Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон 30 нафар ҷон бохтаанд

 Дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон 24 ҳодисаи нохуш ва як садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 30 нафар ҷони худро аз даст дода, 22 нафар дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ин бора Санъат Асо, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, сабабҳои асосии ин фоҷиаҳо аз бемасъулиятии муҳандисони техникӣ дар ҷойи ҳодиса,
беэҳтиётии кормандон, риоя нашудани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ва камбуди мутахассисон дар бахшҳои муҳими истеҳсолӣ иборатанд.

Дар робита ба ҳодисаҳои мазкур 6 шахси ҳуқуқӣ, 22 мансабдор ва 4 шахси воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Барои онҳо дар маҷмӯъ 173 ҳазору 700 сомонӣ ҷарима таъин гардидааст, вале то ҳол маълум нест, ки чӣ қадар аз ин маблағ ситонида шудааст.
Ҳамзамон, ба иттилои Санъат Асо, ба 38 нафар осебдида, аз ҷумла ба хонаводои 18 нафари фавтида, ба маблағи умумии 4 миллиону 302 ҳазору 510 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *