Гармии шадиди то +46 дараҷа дар Тоҷикистон

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 22 ва 23 июл дар аксар минтақаҳои кишвар гармии тоқатфарсо ҳукмрон хоҳад буд.

Дар водиҳои вилояти Хатлон ҳарорат +41 то +46°C дараҷа мерасад.

Дар водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво аз +39 то +44 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз +38 то +43 дараҷа ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ +35 то +40°C дараҷа хоҳад буд.

Дар ноҳияи Дарвоз низ ҳарорат то +41…+43°C дараҷа боло меравад.

Ба иттилои манбаъ, гармии тӯлонӣ боиси об шудани барф ва пиряхҳо мегардад, ки эҳтимоли ба вуҷуд омадани селҳои пиряхиро дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёд мекунад.

Тавре Агентӣ мефаҳмонад, чунин селҳо метавонанд сатҳи обро дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ боло бурда, барои аҳолӣ, инфрасохтор ва заминҳои кишоварзӣ хатари ҷиддӣ эҷод намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *