Дар ноҳияи Деваштич марди 53-сола ба куштор гумонбар мешавад
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини ноҳияи Деваштичро бо гумони даст доштан дар куштор боздошт кардаанд.
Бино ба маълумоти ВКД, ҳодиса 15 майи соли 2026 дар мавзеи Равоти ҷамоати деҳоти ба номи И.Сомонии ноҳияи Деваштич рух додааст. Гуфта мешавад, Абдулло Рофиев, соли таваллудаш 1972, дар ҳолати мастӣ бо ҳамқадаҳи худ – Фурқат Абдуҷабборов, соли таваллудаш 1975, муноқиша намудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни муноқиша гумонбаршаванда бо корде, ки дар даст дошт, чанд маротиба ба қафаси синаи ҷабрдида зарба задааст. Дар натиҷа Фурқат Абдуҷабборов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ