Дар Панҷакент рӯзнома намехонанд?

Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода

Ягона дӯкони рӯзномафурӯшӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, ки дар деҳаи Навобод ҷойгир буд, баста шуд ва сокинони қариб 30 деҳа ба нашрияҳои чопӣ дастрасӣ надоранд, вале касеро парвое нест…

Аҳолии Панҷакент ва умуман водии Зарафшонро мардуми мутолиадӯсту босавод мегӯянд, вале мутассифона, солҳои охир ин сифатро нисбат ба ин нафарон гуфтан нашояд. Ҷавонони мо ҳам феълан, аз мутолиа дур шуда, ба китобу рӯзнома дилбастагӣ надоранд. Шояд ин талаботи замон бошад, ки онҳо бештар ба интернет рағбат доранд.

Вале ҳанӯз ҳам дар ин диёр нафарони зиёде ҳастанд, ки ба мутолиа дилбастагӣ доранд. Мутолиа барои мо “беморӣ”-ест, ки аз даврони шӯравӣ “сироят” ёфтем ва то имрӯз аз он “шифо” наёфтаем.

Баъди барҳам хӯрдани Иттифоқи Советӣ хадамоти почта аз байн рафт, ва дастрас кардани газета мушкил шуд, вале бо вуҷуди ин бархе аз дилсӯзони фарҳангу маънавиёт бо вуҷуди даромади кам доштан ба фурӯши газета машғул шуданд.

Чунин як дӯкон дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ фаъолият мекард, ки аз он сокинони деҳаҳои Навобод, Варзиканда, Марғедар, Қумоқ, Рукнобод ва қариб ҳамаи мутолидӯстдорони ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ газета харидорӣ мекарданд. Вале бо баробари омад-омади моҳи Рамазон ин дӯконро бастанд.

Ҷузъиёташ ба мо маълум нест,вале дар натиҷаи як ҷангҷол бари ҷойи дӯкон газетафурӯширо барҳам додаанд ва аҷиб он, ки ин кор бо дахолати ҳукумат шудааст. Яъне, намояндагони мақомоти шаҳри Панҷакент ягона дӯконро бастаанд. Инак, мо 4-5 ҳафта шуд, ки ба газетаҳо дастрасӣ надорем. Дигар дар наздикиҳо ягон дӯкон нест. Барои он ки як газета харидорӣ кунем, 15 сомонӣ маблағ сарф карда, ба маркази шаҳри Панҷакент рафтан лозим аст, ки ин имконро мо надорем.

Мо хоҳиш мекунем, ки Ислом Зиёзода раиси шаҳри Панҷакент ба ин масъала бевосита расидагӣ кунанд ва дӯкони деҳаи Навобод барқарор шавад…

А.Анвар

ва як гурӯҳ сокинони деҳаҳои Варзиканда, Навобод, Марғедар ва Қумоқ

АЗ ИДОРА: Дар чунин рӯзҳои ҳассос, ки нашрияҳо бо азоби зиёд ба нашр мерасанд ва аз сабаби буҳрони иқтисодӣ хатари нестшавӣ таҳдидашон мекунад баста шудани як дӯкон теша задан ба решаи матбуот ва ба ин васила маънавиёти мардум аст. Мо умед дорем, ки Ислом Зиёзода ва мақомдорони шаҳри Панҷакент дидаву дониста ба решаи матбуот теша намезананд ва на танҳо дӯкони деҳаи Навобод, балки чанд дӯкони дигари рӯзномафурӯширо боз мекунанд. Редаксияи “Тоҷикистон” интизори посух аст.    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *