Дар садамае, ки майёри милиса ширкат дошт, се нафар ҷон бохт

Ронандаи «Тойота-Авалон» дар назди парки нигаҳдории воситаҳои нақлиёти қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКВД, бинобар баланд будани суръати ҳаракат, ба тарафи муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини «Опел» бармехӯрад

Сардори шуъбаи кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб Султонов Султонҷонро, ки дар садамаи шаби 11 уми феврал гумонбар дониста мешавад, дастгир кардаанд.

Мақомоти вазорат рӯзи 12-уми феврал дар баёнияи расмӣ гуфтанд, Султонов 32-сола ва майори милиса аст. Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 212 (қисми 3)-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодааст.

Шаби 11 уми феврал дар наздикии корхонаи сементи Душанбе мошини «Тойота-Авалон», ки Султонҷон Султонов савори он будааст, бо мошини «Опел» бархӯрдааст. Ронанда ва ду мусофири мошини «Опел» ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон интиқол ёфт, баъдан яке аз онҳо ҳам вафот кард.

Вазорат дар шарҳи расмӣ гуфтааст, ки «ронандаи «Тойота-Авалон» дар назди парки нигаҳдории воситаҳои нақлиёти қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКВД, бинобар баланд будани суръати ҳаракат, ба тарафи муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини «Опел» бармехӯрад.»

Ба иттилои ВКД, дар натиҷа ронанда Аъзамҷон Солиев ва мусофираш Анвар Расулов, ки ҳар ду сокини ноҳияи Варзоб будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Муҳаммадҷон Боев ва Абдураҳмон Меликов — ду мусофири дигари «Опел» бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфтанд. Дертар Боев дар бемористон фавтидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *