Танфурӯшии тоҷикзанон дар Ҳиндустон, “Сара” кист?

Гумонбар бо истифода аз он, ки зан дар шаҳри бегона асту забонро намедонад, ҷабрдидаро аз моҳи феврали соли 2019 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии «Сара» ба танфурӯшӣ ҷалб кардааст

ВКД хабар медиҳад,ки як зан моҳи январи соли 2019, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба боварии зани 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор даромада, бо маслиҳати пешакӣ бо “Сара” ном зан, ӯро ба шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон даъват намудааст.
“Баъдан гумонбаршаванда бо истифода аз он, ки зан дар шаҳри бегона асту забонро намедонад, ҷабрдидаро аз моҳи феврали соли 2019 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии «Сара» ба танфурӯшӣ ҷалб кардааст”,гуфта мешавад дар хабар.
Гумонбар аз танфурӯшии ҷабрдида ба шаҳрвандони миллаташон гуногун 10 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.
Инчунин муайян шудааст, ки гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи декабри соли 2018 зани 29-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдатро низ бо маслиҳати пешакӣ бо “Сара” барои танфурӯшӣ ба Деҳлӣ ҷалб кардааст.
Мақомот мегӯянд, ҷабрдидаи дуюм аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии «Сара» танфурӯшӣ кардааст. Зани муттаҳам аз ин танфурӯшӣ 3 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Алъон нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 130 иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ, барои харидуфурӯши одамон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. «Сара»кист, маълум нест

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *