Дар Шаҳринав бинои шуъбаи сироятии замонавӣ ба истифода дода шуд
Ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар маросими ифтитоҳи бино муовини вазири тандурустӣ Абдухолиқ Амирзода ва раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода иштирок намудаанд.
Гуфта мешавад, ки шуъбаи бемориҳои сироятӣ дорои 8 ҳуҷраи муолиҷавӣ ва ҳуҷраҳои корӣ буда, дорои 20 кати хоб мебошад. Ҳамзамон, шуъбаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии Кардиоманитор, Пирометр, Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, Луобкашак, Оксигенератор, Ларингоскоп, Пулсоксиметр ва ЭКГ таъмин шудааст.
– Хушбахтона, дар доираи таҷдиди шуъбаи мазкур дар беморхона коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббӣ насб гардида, хати таъмини кислород муҳайё карда шуд. Дар беморхона дастрасӣ ба хати кислород умуман мавҷуд набуд ва ҳангоми зарурат он ҳатман аз шаҳри Душанбе ё Турсунзода дастрас карда мешуд,- меафзояд манбаъ.
Дар шуъбаи мазкур барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Шуъбаи бемориҳои сироятӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ҳифзи солимии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла “Ковид-19” таҷдиду навсозӣ гардидааст.
Ҳангоми шиносоӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода иброз намудааст, ки “бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ шуъбаи мазкур навсозӣ шуда, дар он тамоми шароити зарурии корӣ муҳайё гардонида шуд. Масъулинро мебояд дастгоҳу воситаҳои муосири тиббиро босамар истифода баранд ва бо беморон муомилаи хуб кунанд”.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода изҳор доштааст, ки “ҳоло дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бунёду навсозии беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, табобатхонаю дармонгоҳҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро бо татбиқи амалии барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат, махсусан дар ноҳияи Шаҳринав комёбиҳо назаррасанд. Ин раванд имкон дод, ки соҳаи тандурустӣ бештар рушд намояд ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ