3 988 ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ошкор шуд

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 3 ҳазору 988 нафар барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин бора имрӯз, Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Воҳидзода, аз шумораи умумии қонуншиканон, нисбати 175 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 3 ҳазору 813 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардидаанд.

“Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, 273 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ, ки аз ҷониби аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ҷамъ шуда буд, рӯёнида шудааст”, – афзуд ӯ.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳолатҳои зиёди дуздии барқ, талафоти беасос, тасарруфи таҷҳизот, порагирӣ, қарздории муштариён ва ивазкунии ғайриқонунии ҳисобкунакҳои барқ ошкор ва мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *