Дар Суғд масъалаи рақамикунонии иқтисоди Авруосиёро баррасӣ мекунанд
Рӯзҳои 27-28 август дар шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд Форуми байналмилалии сармоягузории «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё» баргузор мегардад.
Дар ин бора ба Pressa.tj аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар форум беш аз 200 намояндаи мақомоти давлатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, намояндагони шарикони рушд ва коршиносони соҳавии байналмилалию миллӣ иштирок намоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории форум ташаккули платформаи муассири байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба ва таҳияи қарорҳои амалӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии тиҷорат дар минтақаи Авруосиё мебошад.
Дар доираи форум баргузор намудани намоишгоҳи EXPO – маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ