Сафари Вазири корҳои хориҷии Эрон ба Русия

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ароқчӣ бо як сафари расмӣ  вориди шаҳри Санкт-Петербург шуд.  Ин сафар дар ҳоле анҷом мешавад, ки равобити дипломатӣ ва ҳамкориҳои стратегии миёни Эрон ва Русия дар марҳилаи нави рушд қарор доранд.

Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, дар доираи ин сафар мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, интизор меравад, ки вазири хориҷии Эрон бо Президенти Русия Владимир Путин  дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.

Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Илова бар ин, ҷонибҳо ният доранд вазъи минтақа ва таҳаввулоти байналмилалиро мавриди муҳокима қарор диҳанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин мулоқотҳо метавонанд ба таҳкими бештари муносибатҳои Эрон ва Русия ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *