Омори нав. Коҳиши ҷиноятҳои вазнин ва афзоиши ғоратгарӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 дар Тоҷикистон 6336 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 5573 ҷиноят ё 88%-и умумиро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мақомоти прокуратура сабт кардаанд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 763 ҷиноятро ба қайд гирифтаанд, ки 12%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумот, дар ин давра шумораи ҷиноятҳо дар шаҳри Душанбе 8,2% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,4% коҳиш ёфтааст. Аммо дар вилояти Суғд афзоиши ночизи 0,3% ва дар вилояти Хатлон 5,5% зиёдшавӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар семоҳаи аввали сол 1415 ҷинояти вазнин сабт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8% кам мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ–марти соли 2025 шумори як қатор ҷиноятҳо коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба он 51,7%, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 32,3%, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 18,2%, дуздӣ 3,9%, қаллобӣ 4,5% ва авбошӣ 3,3% кам шудаанд.
Дар баробари ин, баъзе намудҳои ҷиноят афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, ғоратгарӣ 26,1%, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 36,6% ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ 1,5% зиёд шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 837 ҷинояти иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 3,7% кам мебошад. Мақомоти корҳои дохилӣ аз ин шумора 355 ҷиноятро ошкор карда, аз рӯи 343 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.
Инчунин, дар се моҳи аввали соли равон 117 ҳодисаи нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки бо ҷароҳатҳои вазнин ё марг анҷомидаанд, сабт шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 9,3% кам мебошад.
Ба иттилои манбаъ, сатҳи умумии ошкоркунии ҷиноятҳо дар ин давра 57,7%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (56,7%) каме беҳтар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ