100-сомонии Тоҷикистон дар феҳристи беҳтарин пулҳои ҷаҳон
Пули нави100-сомонии Тоҷикистон, ки соли 2025 ба муомилот бароварда шудааст, ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон шомил гардид. Дар ин бора нашрияи International Business News Service (IBNS) хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин пул бо тарҳи навоварона ва сатҳи баланди амниятӣ тавонистааст ба озмуни бонуфузи байналмилалии “Пулҳои сол” роҳ ёбад. Мутахассисон махсусан ба унсурҳои ҳимоявии он баҳои баланд додаанд.
Аз ҷумла, пули мазкур дорои аломати обӣ бо акси Исмоил Сомонӣ, тасвири бинои парлумон, нишону рамзҳои давлатӣ ва унсурҳои муосири тағйирёбандаи ранг мебошад. Ин технологияҳо барои пешгирии қалбакӣ сохтан ва баланд бардоштани эътимоди истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ аз миёни тақрибан 100 пули нав, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр шудаанд, танҳо 17 адад ба рӯйхати кӯтоҳи озмун дохил гардидаанд. Ба ин феҳрист пулҳои кишварҳое мисли Русия ва Қазоқистон низ шомил шудаанд.
Ворид шудани пули 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтаринҳо ҳамчун дастоварди назаррас дар соҳаи бонкдорӣ ва тарроҳии миллӣ арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ