Путин: Мардуми Эрон барои соҳибихтиёрии худ мубориза мебаранд
Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба чанд масъалаи муҳим ишора кард.
Путин таъкид намуд, ки Русия умедвор аст мардуми Эрон ин давраи душворро паси сар карда, сулҳ барқарор мешавад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки кишвараш омодааст барои барқарории ҳарчи зудтари субот дар минтақаи Ховари Миёна талош намояд.
Дар навбати худ, Ароқчӣ изҳор дошт, ки мардуми Эрон бо шуҷоат ба фишорҳо муқовимат мекунанд ва тавони истодагарӣ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ