Марги модару фарзанд дар садамаи нақлиётӣ
Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Бохтар – Душанбе боиси марги модару фарзандаш шудааст.
Тавре Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, Абдуллоҳ Мирзозода, ронандаи автомашинаи тамғаи “BMW-520” бо рақами қайди давлатии 0202 ОU 20, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба шаҳри Бохтар бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, бо қисми пеши мошин пиёдагардон – Шарофат Раҳимқулова ва Нуринисо Раҳимқулова, сокинони ноҳияи Кӯшониёнро пахш кардааст.
Мутаассифона, пиёдагардон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Феълан ронанда Абдуллоҳ Мирзозода дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба ӯ бо дастрасии қисми 3-и моддаи 212-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ